Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мусича ба мӯсичае чун ошиқу маъшуқ
Дар пушти дари хонаи мо бар ба бар омад.

Монандаи қолии пур аз нақшу нигоре
Аз сабзаву гулҳо ба замин зеб даромад.

Кардам назаре ҷониби боғи дари ҳавлӣ,
Дар хотири ман меҳнату боғи падар омад.

Булбул ба гулистон шуда бо савту навое,
Бар пеши гули тозаи садбарги тар омад.

Аз боиси кабкону ҳама зоғу қулангон,
Бар ҷониби айлоқ замони сафар омад.

Аз бар-бари кӯҳҳои азим барфи зимистон
Аз гармии хуршед шуда об, фаромад.

Ин боғу чаман пур шуда аз ғунчаи хандон,
Айёми ҷавонии худам бар назар омад.

Бо ҳусни дилорои баҳори сабақомӯз
Гуё ба ҷаҳон сурати ҳусни қамар омад.

Наврӯз ба Қурбоналӣ бахшид ҷавонӣ,
Чун булбули ошиқ, ки ба гул нағмагар омад.

АНДЕШАҲО ВА ГУФТОРҲОИ МАЙЗАДА

Бетамизу боданӯш, аз ҳарду олам бехабар,
Мисли ман дар ин ҷаҳон одам намерӯяд дигар.
Хеста ҳар як саҳар ношуста рӯву дастҳо
То нанӯшам ду қадаҳ, ақлам намеояд ба сар.
Ҳар касе нӯшиду нӯшид, гашт чу ман майзада,
Шумрӯ мегардад ба пеши мардуму модар, падар.
Дар кадом тӯйхонаае ман ки агар ҳозир шавам,
Нестам бологузар, ҷоям бувад дар пуши дар.
Дар вуҷудам ҷо намегардид агар кайфи арақ,
Хонда—хонда мешудам соҳиб ба сад илму ҳунар.

пешина
аз 119
навбатӣ