Фурӯғи пирӣ

Бо раҳе рафтам, ба мардум судовар нестам,
Сад карат боло бувад аз ман дарахти бесамар.
Обрӯву қиматамро дар тарозу баркашанд,
Ҳеҷ болоӣ надорад аз туқуми пушти хар.
НАСИҲАТИ ШОИР
Бихон бисёр панду қиссаҳоро,
Дарак меёбӣ ту ҳодисаҳоро.
Дарак ёбӣ зи ҳар пасту баландӣ,
Бидонӣ ҳайр хатову нохаторо.
Гунаҳ дар зиндагӣ пур карда бошӣ,
Дар он дунё ту мебинӣ ҷазоро.
Чизе дар пеш бинӣ дар ҳаётат,
Фаромӯше накун кори қафоро.
Яқинан ҳамчу авлоди гузашта
Бубинӣ ногаҳон рӯзи қазоро.
Мани шоир чи панде ки бидодам,
Ба ёдат гир ҷумла гуфтаҳоро.
Худо доду шудӣ ки марди доро,
Бикун ялла дари хайру сахоро.
Гуноҳи дузд аз ин Тоҷикистон
Нагунҷад то Самарқанду Бухоро.
Ба ту Қурбоналӣ гуфто дар охир
Бихон панду ҳадиси Мустафоро.
ДАР ИДИ ЗАНОН
Зан ҳаст рашки ҳар гул,
Гули баҳори мард аст.
Бувад рузона дар кор
Шаб дар канори мард аст.
Мард сафар намояд,
То боз гашта ояд.
Дар роҳи омади ӯ
Зан интизори мард аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё