Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо мард ҳиммати хуб
Бошад агар, зани хуб
Чӣ гап гӯяд ба ӯ мард,
Дар ихтиёри мард аст.

Занест тозаавлод
Аз ӯст хона обод.
Мададрасону дилсӯз
Доим ба кори мард аст.

Қурбоналӣ бидон, зан
Мисли чароғи равшан
Равшанибахши қалби
Шабҳои тори мард аст.

МАСТИ НАВБОРӢ МАКУН

Эй ҷавони бошукӯҳ, бисёр бадкорӣ макун,
Кори бад, рафтори бад аз баҳри бисёрӣ макун.
Нокасе ногоҳ бар ту як, ду-се дашном дод,
Санги худ вазнин бигиру ту ба вай хорӣ макун.
Бахт сӯят ханда карду ҳар куҷо сарвар шавӣ,
Ҳеҷ гоҳе бар фақире ту ситамгорӣ макун.
Одамиро ҳақтаоло баҳри ҳар кор офарид,
Чун каси бенанг ту одат ба бекорӣ накун.
Чашмае, ки ҳаст ҷорӣ, нӯш месозад ҳама,
Бехабар худ аз ҳамон сон чашмаи ҷорӣ макун.
Ҳамчунон чашма ба мардум суд бахшо, эй писар.
Зиндаӣ то дар ҷаҳон, бар кас дилозорӣ макун.
Баҳри борат бурданӣ Қурбоналӣ бар ҳар куҷо
Ту умед аз ҳар хари ҷавмасти навборӣ макун.

САЙНАБӢ

Ҳар сухан, ки мебарояд аз даҳони Сайнабӣ,
Шаҳд борад аз гапи нӯги забони Сайнабӣ.
Баҳри хона сохтан ҳарки чизе хоҳад агар,
Бе ягон ташвиш ёбад аз дӯкони Сайнабӣ.

пешина
аз 119
навбатӣ