Фурӯғи пирӣ

Бо ҳама хурду калон дидам, муросо мекунад,
Аз ҳамин рӯ нек шуд ному нишони Сайнабӣ.
Такя чун оҳанрабо доранд аз феъли хушаш
Ҷӯраҳои беҳтарину дӯстони сайнабӣ.
Баъзеҳо аз ҷӯраҳо дар ҷои кораш дидаам
Гаштагӣ чун додараш, мададрасони Сайнабӣ.
Мешавад чандин варақ пур гар нависам бо қалам
Саргузашти корҳову достони Сайнабӣ.
Як дуои хайр гуфта баҳри ӯ Қурбоналӣ:
Ҳақтаъоло раҳм кун доим ба ҷони Сайнабӣ.
ТУЙИ ИСКАНДАРУ МАЛИКАМОҲ
Омадам имрӯз дар тӯи шумо
Борҳо кардам назар сӯи шумо.
Ҳамчу гулҳои базеби навбаҳор
Шоду хандон дидаам рӯи шумо.
Шавқ бахшад ҳофизони хушнаво.
Қалби ман гашта ғазалгӯи шумо.
Қувва бахшад ҳазрати Парвардигор
Бар вуҷуду дасту бозуи шумо.
Бар ту, Искандар, муборак мекунам
Шуд Маликамоҳ бонуи шумо.
Ҳақтаъоло умратон созад дароз,
Эй наафтад хор дар мӯи шумо.
Симу зар резад Худованд аз само
Аз ду по то банди зонуи шумо.
ТӮҚУМИ ХАР ШАВАД
Нокас агар сарвар шавад,
Шахси хиёнатгар шавад.
Анбори нафси ӯ калон,
Вақто ки чун аждар шавад.
Аз ду ҷаҳон гар ғофилу
Банда ба симу зар шавад.
Ғофил зи панду ҳикмати
Оллоҳу пайғамбар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё