Фурӯғи пирӣ

Бадномсоз ин гуна кас
Баҳри падар, модар шавад.
Фардо чунин дунёталаб
Шармандаи маҳшар шавад.
Дуо кунед, эй мӯъминон,
Бадкор кӯру кар шавад.
Вақто ки як каҷкор шуд
Сардор нобовар шавад.
Қурбоналӣ дон, қадри ӯ
Чени тӯқуми хар шавад.
ВАСФИ СОЛЕҲЗОДА
Рафиқ Солеҳбойзода
Ғулом марди фақире буд.
Ба банди корҳо маҳкам,
Ҳақиқӣ афти шере буд.
Шиносу ношиносеро
Агар ки пешрӯ медид,
Шукуфта чеҳраи рӯяш
Чу гул, аз шодӣ механдид.
На будӣ як фақиреву
На будӣ он қадар бойе.
Ба ҳикмат буду хайрандеш
Ҳамчун Ҳотами тойе.
Дари ҳавлии ӯ дидам
Ҳамеша пур зи меҳмон буд,
Барои пухтупаз доим
Занаш дар гирди чакдон буд.
Аҷоиб як зани хубе
Варо буд, Моҳбӣ номаш,
Мувофиқ буду арзанда
Ба вай ин ному андомаш.
Ҳамеша рӯи хони ӯ
Набуд аз чою нон холӣ,
Ба рӯи хони ӯ гоҳе
Палав буд, гоҳ чанголӣ.
Ҳақиқӣ мард дар хона
Ба зайли шоҳ мебошад,
Вазираш ҳаст зан гӯё,
Ба вай ҳамроҳ мебошад.
Вазири хубро ҷонаш
Ба ҷони шоҳ пайванд аст.
Зи дониши вазири хуб
Шоҳаш обрӯманд аст.
Ғуломро Моҳбӣ доим
Ки мегардид ба фармонаш,
Ба шавҳар буд пайваста
Ба ҳар лаҳза дилу ҷонаш.
Ҳама дам гӯш мекард ӯ
Ғуломро гуфтугӯяшро,
Дар олам то ки буд зинда,
Баровард обрӯяшро.
Дареғо, марги бераҳме
Занашро бурд аз олам
Чу абри навбаҳоре шуд
Ғуломро дидаҳо пурнам.
Ба ёди Моҳбӣ ашке
Зи ҳарду дида роҳӣ кард.
Ба арвоҳи зани хубаш
Фузун хайру худоӣ кард.
Давоми чанд солу моҳ
Ғулом бе ҳамсаре гардид
Ба тақдири бадаш тандеҳ,
Сағирапарваре гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё