Фурӯғи пирӣ

Кашида ранҷ бар воя
Расонид ҳашт фарзандаш,
Ҳамеша баҳраҳо бигрифт
Ҳар фарзанд аз пандаш.
Ғулом аз деҳи Хангртак,
Бувад аз Ховалинги мо.
Ба монандаш савобкоре
Ками кам ҳаст дар дунё.
Замоне давлати Шӯро
Ба хоки мо ҳукмрон шуд
Адолатнокиҳои ӯ
Ба чашми мо намоён буд.
Замин файзи нави дар нав
Зи ҳар сон донаҳо бикшод.
Барои бепарастоне
Сағирахонаҳо бикшод.
Ғулом Солеҳзода дид
Сағири зору ҳайронро,
Наёфта ризқи онрӯза,
Зи ҷое бурдаи нонро.
Бу кӯча кӯдаки зебо
Шуда аз гушнагӣ ғамгин,
Ба мисли роҳгумеву
Либосҳои танаш чиркин.
Ғулом пурсид кӯдакро
Ту аз чо ҳастӣ бо ин ҳол?!
Ҷавобаш дод ман ҳастам
Зи қишлоқи Даҳони Шол.
Надорам падару модар,
Надорам акаву додар.
Надорам апаву хоҳар,
Шудам аз гушнагӣ лоғар.
Ғулом ӯро гирифта бурд,
Ба сағирхонае биспурд.
Мураббие ба ин кӯдак
Хӯроки серӣ додаш хӯрд.
Хулас дар тарбиятхона
Ақл дарёфт рӯз то рӯз.
Муаллиме ба чандинҳо
Сағирон гашту дарсомӯз.
Сағире ки ба дилсӯзӣ
Ғулом оварда буд ӯро,
Зи ҷумла баччагон боло
Буду забони ӯ бурро.
Набошад илмомӯзӣ
Ба ҳар як баччае беранҷ,
Ба диққат хонд ин бачча,
Баҳояш панҷ буду панҷ.
Зи хонишаш муаллимаш
Ҳамеша шоду ризо буд.
Худаш ин баччаро донед,
Вай Ғаффори Мирзо буд.
Ғулом Солеҳзода шуд
Айёми ҷавонӣ пир.
Ҳамон Ғаффор Мирзо шуд
Яке машҳуртарин шоир.
Нигоҳи шоирона ӯ
Ба сӯи бешаҳо бинмуд,
Барои некии Ғулом,
Чуқур андешаҳо бинмуд.
Ба номаш кардагӣ эҷод
Аҷоиб шеъри боб дидам.
Ман аз шоир навиштагӣ
Абадӣ дар китоб дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё