Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки худ Ғаффор Ғуломро
Хизири зинда номидаст.
Бидон Қурбоналӣ шеъраш
Ба ҳарду дида молидаст.

БА БАҲОР

Ин саҳар ҳумбаи кафтар бирасид бар гӯшам,
Пар кушодӣ ба назар мурғи дили хомӯшам.
Чашмаи софи баҳорӣ боз рӯяд ҳар ҷо,
Сари хам гашта ба ҳар чашмаву серӣ нӯшам.
Гули садбарг аҷаб хушрӯву хушбӯе ҳаст,
То ба бозор барам, бӯ кашаму нафрӯшам.
Сурати қолию бахмал ки замин карда баҳор,
Бурд ҷону дили ман дилбари бахмалпӯшам.
Шоирам, ҳеҷ надорам камие аз булбул,
Ман ба ҳар савту навои андалебон кӯшам.
Гуле дорам зи ҳазорон гули олам зебо,
Ба ҳавас пур бикунад ҳамчу баҳор оғӯшам.
Ман ки Қурбоналиам, локиро маҳкам баста,
Зи сари сидқу вафо баҳри Ватан мекӯшам.

АЛВИДОЪ

Кӯҳҳои сарбаланди кишварам,
Кишвари чун модари ҷонпарварам,
Он даме, ки ман зи олам бигзарам,
Ҷовидон пӯшида шуд чашми сарам.

Нест дигар чора дар амри Худо,
Пешатон хоҳам бигӯям алвидоъ.
Бо ҳама пиру ҷавонони Ватан,
Бо ҳама ин гулъузорони Ватан,

Бо ҳамаи ин андалебони Ватан,
Бо ҳама аҳли адибони Ватан

Пешатон хоҳам бигӯям, алвидоъ,
Дарди пирӣ ҳаст дарди бедаво.

пешина
аз 119
навбатӣ