Фурӯғи пирӣ

Пардапӯше нест, ёрон, равшан аст,
Ҷон амонат ҳар касеро бар тан аст.
Пир шуд одам, нишони мурдан аст,
Ҷовидон дар гӯр моро маскан аст.
Ин ҷаҳон бо кас намесозад вафо,
Пешатон хоҳам бигӯям алвидоъ.
Эй заминҳое, қадамҳо мондаам,
Ҷуфт баҳри ғаллапошӣ рондаам,
Ҳар ниҳоле ҳар куҷо сабзондаам,
Мӯъминеро, ки агар ранҷондаам,
Узр мехоҳам, бубахшедам маро,
Пешатон Қурбоналӣ гуфт алвидоъ.
БАҲОР ОМАДАСТ
Эй бародар, дар ҷаҳон нури баҳорон омадаст,
Давраи бишкуфтани гул дар гулистон омадаст.
Аз фарози кӯҳсори Помиру кӯҳи Фурӯш
Шохаҳои обҳо ҷорӣ ба поён омадаст.
Давраи ҷӯшу хурӯши корҳо дар ҳар тараф
Аз барои паҳлавонмардони деҳқон омадаст.
Боз мебинем, к-он дар гӯшаи бозорҳо
Бас алафҳои шифо чукриву торон омадаст.
Ваҳ, ки мисли куртасурхакҳои байни пахтазор
Гулшукуфте дар ҳама боғи анорон омадаст.
Шавқу шодӣ дар дили Қурбоналӣ андар баҳор
Ҳар нафас дар ҷӯш чун мурғи ғазалхон омадаст.
КУНӢ ШАФОАТАМ
Дигар куҷо саодатам,
Хамида гашт қоматам.
Аз қисмати бади худам
Дар ҳайрату хиҷолатам.
Дар боби нуктадонӣ ман
Сарбанди панду ҳикматам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё