Фурӯғи пирӣ

Майдони ҷанг дидаму
Дида ҳазор кулфтам.
Гузашт даври шодиву
Дигар замони шафқатам.
Кӯтоҳ монда умраму
Чанде ки боз ғаниматам.
Аз дарди пирӣ тоқ шуд
Тамоми сабру тоқатам.
Ба дарди пирӣ ку даво?
Нест раҳи табобатам.
Баста камар аз ин ҷаҳон
Бар ҷониби қиёматам.
Кунам Худоро зораҳо
Қабул кун ту тоатам.
Тарсон зи марги ҷонситон
Ба ҳар дамеву соатам.
Қабул кун Худои ҷон,
Намозҳову тоатам.
Рӯзи қиёмат ё Расул,
Хоҳам кунӣ шафоатам.
БА РӮЗИ ҒАЛАБА
Дар ин умре, ки тай кардам,
Аҷоиб корҳо кардам.
Ба даврони ҷавониҳо
Ба душманҳо ғазо кардам.
Барои ҳар ватанпарвар
Набуд он рӯзи бенангӣ,
Ба ҳар ҷо буд хунрезӣ,
Ба ҳар як арсаи ҷангӣ.
Садо карда яке мина,
Фитод ӯ пеши пои ман.
Натаркид ӯ, Худовандо,
Нарасонид қазои ман.
Миёни се шабонарӯзе
Қариб аз гушнагӣ мурдем,
Ба рӯи мурдаи гови
Фузун як ҷой вохӯрдем.
Расида тир баъзеро
Зи сар, баъзеш аз сина,
Зи таркишҳои ҳар тӯпу
Зи таркишҳои ҳар мина.
Дар он ҷои хатарноке
Муноҷот бар Худо кардем,
Зи гӯшти говҳо хӯрда
Зи хӯрдан худ раҳо кардем.
Ба садҳо ҳамяроқоне
Ба хасмон беш ҷангидем,
Аҷоиб рӯзҳои бад
Чу рӯзи маҳшаре дидем.
Агар амр аз Худо бошад,
Касе, ки тир мехӯрдаст,
Қазояш мерасидасту
Пасон ӯ банда мемурдаст.
Зи панду ҳикмати Оллоҳ
Дамодам бохабар гаштам,
Шудам захмини вазнину
Шукр, ки зинда баргаштам.
Ҳазорон бор шукрона,
Дидам хешу таборамро,
Бидидам зодгоҳамро-
Диёри Порворамро.
Бидид Қурбоналӣ, ёрон,
Ҷамоли модари ҷонаш,
Намонд ӯро, бидонедаш,
Дигар дар сина армонаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё