Фурӯғи пирӣ

ОРЗУҲО ДАР СОЛИ НАВ
Худоё Соли навро
Пурфайзу ганҷ орӣ,
Файзҳое фаровон
Чун рӯди Панҷ орӣ.
Ба киштукори деҳқон
Доим самар бубахшӣ,
Ба ҷумла корубораш
Фатҳу зафар бубахшӣ.
Замин чу филла созӣ
Аз оби барфу борон,
Чу кони зар бисозӣ
Замини пахтакорон.
Ҷонам фидои номат,
Халлоқи ҳарду олам.
Бахшо ба бандагонат
Ҷаҳони шоду хуррам.
Беқудрати ту ҳар кас
Ягон сухан нагӯяд,
Гулу ягон гиёҳе
Бе амри ту нарӯяд.
Мо, бандагони нодон,
Чун кӯри гумроҳем.
Аз даргаҳи ту, ё Раб,
Бахти сафед хоҳем.
Гиреҳи корҳоро
Худат намо кушода,
Бо раҳм ҳар саворе
Кун баҳри ҳар пиёда.
Қурбоналӣ бигуфто
Дар охири сурудаш,
Ё Раб, қабул фармо
Дуову ҳар дурудаш.
КАМ АЗ ШАКАР НАБОШАД
Зане бигир ҷавон, ки
Чун бепадар набошад.
Фармудӣ ҳар чи коре,
Монанди кар набошад.
Бидон, ки очаи ӯ
Чун ҷодугар набошад.
Балки бидон, ки бехаш
Авлоди хар набошад.
Дарди саре ба мард аст,
Зан пурҳунар набошад.
Зан нест, ӯ зи ранҷи
Ту бохабар набошад.
Бедор ё саҳар чун
Мурғи саҳар набошад.
Зане бигир, кам ӯ
Аз гули тар набошад.
Як бӯса аз лаби ӯ
Кам аз шакар набошад.
БАРНОДИЛ МАНАМ
Пирамарде гаштагӣ рӯи ҷаҳон,
Дидагӣ ҳар баҳру ҳар соҳил манам.
Дар тамоми кору бори ин ҷаҳон
Коргар чу одами қобил манам.
Бо мисоли Ҳотами Тай дар сафар
Гашта бар ҳар гӯшаи манзил манам.
Назди Ҳақ дорам гуноҳони азим,
Аз гунаҳкории худ қоил манам.
Доимо гашта гурезон аз бари
Одами дурӯяву ҷоҳил манам.
Гирди гӯрони азизони Ватан
Ҳамчу Маҷнун гаштагӣ моил манам.
Аз ҷавонӣ то ба пирӣ розгӯ
Ҳар куҷо бо одами оқил манам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё