Фурӯғи пирӣ

Бо мисоли мазраҳои серфайз
Шоири хушкору пурҳосил манам.
Гарчи соли ман ба ҳаштод омада,
Шеър хонам, боз барнодил манам.
ОРЗУ ДАР СОЛИ НАВ
Арзи моро, ё Худовандо шунав,
Пурбароре кун ба олам Соли нав.
Коридем дар тирамаҳ гандуму ҷав,
Коми дил бахшой бар мо аз дарав.
Садқаи номат шавам Парвардигор,
Мекунем бо амри ту ҳар гуна кор.
Боз бо амри ту меёбем барор,
Кун саморо бар сари мо беғубор.
Мӯминем, меҳрат ба дил мепарварем,
Бар дарат чун мушти хоки кишварем.
Ғофил аз фардои рӯзи маҳшарем,
Бо умед аз ёрии пайғамбарем.
Ҳақтаъоло, баҳри мо дар Соли нав
Деҳ даврони хушу иқболи нав!
СОЛИ НАВ
Соли нав гар барфбоде мешавад,
Баччагон бисёр шоде мешаванд.
Шавқ баҳри чанабозӣ мекунанд,
Гӯё ки асптозӣ мекунанд.
Тепаҳову ҳар дарахти туту бед
Менамояд афти карбоси сафед.
Мекунад сармо чунон ҳодисаҳо,
Ях ҳамесозад сари порисаҳо.
Бар ба бар мебинӣ яхҳои дароз,
Ҳар яке чун найзаи сарбоз соз.
Аз хунукиҳои сахти барфпӯш
Гурба меҷӯяд лаби чакдони ҷӯш.
Чиллаи калон, ки давраш бигзарад
Чиллаи хурдак туманҳо оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё