Фурӯғи пирӣ

Худоё, ҷовидонӣ гум созӣ
Нишону номи иғвогар ба олам.
Набошад ҷангҷӯ, ором гардад
Ҳама чун акаву додар ба олам.
Тамоми модарон гарданд бо ҳам
Ба сони апаву хоҳар ба олам.
Бидон, Қурбоналӣ, ғайр аз Худованд
Набошад ҳеҷ зӯровар ба олам.
БАР ВАСФИ УСТОД
Устоди аввалини ман
Юнус Худойдодзода буд,
Тарзи сарояндагиро
Ӯ ёд бар ман дода буд.
Пур синаи Бобоюнус
Аз қисссаву афсона буд,
Як тӯтии ширинсухан
Доим ба ҳар тӯйхона буд.
Танҳо на гурғулихон
Дар шоирӣ як пир буд,
Ҳар гуфтааш нишонарас
Чун дар нишоне тир буд.
Давре ки ман будам ҷавон,
Устод марди пир буд,
Баъзе суруде бо дутор
Мехонд, зидди мир буд.
Мегуфт ӯ даври амир
Кардем чанде бандагӣ,
Будам гурусна доиму
Зии дуторум кандагӣ.
Поям ҳамеша луч буд,
Бар тан либоси ҷандагӣ.
Бо дидагии ман будак
Як давраи шармандагӣ.
Қишлоқи мо Косатарош
Бо ҳар сӯе кардум талош.
Бовар кун, э ҷони бобош,
Боре надидум деги ош.
Дегум надид як бор ош.
Ҳамчу Юнус қофиягӯ
Ҳар ҷой кардам ҷустуҷӯ,
Ман бо ягон қофиядон
Ҳаргиз нагаштам рӯ ба рӯ.
Қурбоналӣ гуфто, ки ман
Садқа ба хоки пои ӯ,
Ҷонам фидоят , ё Худо,
Ҷаннат бисозӣ ҷои ӯ.
РАҲМАТ БА БАЧЧАПАРВАР
Имрӯз, эй бародар,
Бистуми моҳи январ.
Ин ГЭС-и нуровар
Бар кор мекунад сар.
Ин ГЭС-и Сангтӯда
Нураш равона шуда,
Нуре зи кишвари мо
Барад ба чанд кишвар.
Омад зи қалби шодам
Ин шеъри нав ба ёдам,
Килкам ба шодӣ гардад
Равон ба рӯи дафтар.
Дар дафтари сурудам
Андешаҳо намудам,
Аз корҳову ранҷу
Азоби олӣ сарвар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё