Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хаёли тезпарвоз
Бар ёд оварид боз
Аз ранҷи кӯҳи Анзоб,
Дигар зи кӯҳи Шаршар.

Рӯди калон бувад Панҷ,
Сарвари мо ба сад ранҷ
Сохт пуле ба рӯяш
Ин Рустами диловар.

Мақсади сарвари мо-
Хоҳад ба кишвари мо.
Тамоми халқи дунё
Бошанд акову додар.

Зорӣ кунед Худоро,
Эмомалии моро
Умраш дароз гардад,
Хизири зинда раҳбар.

Қурбоналӣ дар охир
Гуфто, ки гаштаам пир.
Гуфто ҳазор маротиб
Раҳмат ба баччапарвар!

САНГУ САФОЛ АСТ

Ба меҳнат нон хӯрад ҳар ки ҳалол аст,
Каси меҳнатқарин олихайёл аст.
Кадом як банда роҳи кор ёбад,
Зи рӯи меҳнаташ ӯ некҳол аст.
Ба ҷо орад касе ҳукми Худоро,
Бидон, аз беҳтарин хоки кулол аст.
Ба дуздӣ кас хӯрад гар моли мардум,
Вай одам нест, чун гургу шағол аст.
Миёни ҷумлаи мӯъмин қимати ӯ
Кам аз қадри хасу сангу сафол аст.
Сияҳ рӯи ӯ фардо дар қиёмат
Ба сони пушти дегу ҳам чу тол аст.

пешина
аз 119
навбатӣ