Фурӯғи пирӣ

Баҳори умри одамӣ равона
Ба сӯи пеш монанди шамол аст.
Ҷаҳонро ҳусни рӯяш дилфиребе
Чу ҳусни духтари соҳибҷамол аст.
Дар ишқи ҳусни дунё гаштаӣ пир
Ҷавоне, ки расида бар камол аст.
Намеоарад вале аз мурданаш ёд,
Хаёлаш банд баҳри пулу мол аст.
Худованду ҳабиби зоти покаш
Зи ҳар дунёталаб дон, ки малол аст.
БЕПАДАР КУНАД
Ҳар кас ба пеши манзиле
По ниҳаду гузар кунад,
Ояд ба ёд маргашу
Ба қабрҳо назар кунад.
Гар бандаи Худост ӯ,
Ба худ намуда гуфтугӯ,
Ба ёди рафтагон каме
Ашке зи дида ҷар кунад.
Умр бубинӣ саду бист,
Фикр бикун, фоида чист.
Гар бандае, ки ҷамъу гир
Ҳазор хуми зар кунад.
Фикр кунӣ, дар ин ҷаҳон
Кӣ зист зинда ҷовидон?!
Ногаҳ туро аҷал барад
Хуфта ба хоки тар кунад.
Раҳме намекунад фалак
Барои тифлакони ту,
Бева кунад ҳазор зан,
Тифлон ӯ бепадар кунад.
Лол бувад гар одамӣ,
Халлоқи ҳарду оламӣ
Ба қудраташ ӯро чу як
Булбули нағмагар кунад.
Хон беш то мулло шавӣ,
Бино шавӣ, доно шавӣ.
Бедор дидаҳо мулло
Чу мурғе ҳар саҳар кунад.
Панде, ки бо суруди худ
Қурбоналӣ ба ту суруд,
Ҳар кӣ бихонд панди ӯ,
Аз раҳи бад ҳазар кунад.
ДАР СОЛИ НАВИ 2008
Соли хубон рафту омад соли муш,
Як - ду мисраъ ман бигӯям, кун ту гӯш.
Чашмаи ҷӯшон барин дар соли нав
Қалби ман баҳри суруд омад ба ҷӯш.
Ҳар ки дар дунё кунад кори баде,
Назди Ҳақ ҳаргиз намонад пардапӯш .
Дӯстон, дар соли нав созед дуо:
Беш рӯяд мардуми арзонфурӯш.
Нарх дорад қадкашӣ то осмон,
Нест бодо номи ҳар қиматфурӯш.
Байни мардум ҳаст дуто баднамо-
Аввалаш қаллобу дуввум боданӯш.
РӮДАКӢ
Даври мо акнун дигар шуд, Рӯдакӣ,
Олимоне нав бадар шуд, Рӯдакӣ.
Аз ҳаёту саргузашти шоирон
Ҳар ки хонда, бохабар шуд, Рӯдакӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё