Фурӯғи пирӣ

Пеши роҳи дин замоне шом буд,
Шомҳо доим саҳар шуд, Рӯдакӣ
Одамӣ дарёфт илме дар ҷаҳон,
Бар фазо парвозгар шуд, Рӯдакӣ.
Пандҳову шеърҳои гуфтаат
Қимат аз дурру гуҳар шуд, Рӯдакӣ.
Аз ҳама панди туву доногарит
Аҳли олам баҳравар шуд, Рӯдакӣ.
Аз барои ёдбуду ҷашни ту
Ғулғула дар баҳру бар шуд, Рӯдакӣ.
Офтоби илму донишҳои ту
Шӯълаи шамсу қамар шуд, Рӯдакӣ.
ҶАШНАТ МУБОРАК, РӮДАКӢ
Шоиру ҳунармандӣ ту,
Хонем ҳар як панди ту.
Бо ҷони мо пайванди ту,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
Дар банди ҳар шеъру суруд
Аз туст пайғому дуруд,
Дорем шеърат ёдбуд,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
Бар мадраса по мондаӣ,
Бисёр аъло хондаӣ.
Сад панд бар мо додаӣ,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
Ман шеъргӯ ҳастам каме,
Шеъри ту хонад кас даме,
Аз дил барорад ҳар ғаме,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
Машҳур дар рӯи ҷаҳон
Аз рӯи шеъру достон,
Зиндаст номат ҷовидон,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
Эй булбули боғу чаман,
Эй садри чандин анҷуман,
Гӯем, эй пири куҳан,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
Қурбоналӣ гуфто аён-
Устоди садҳо шоирон,
Эй фахри ҷумла тоҷикон,
Ҷашнат муборак, Рӯдакӣ!
ҲУСНИ ҶОДУИ ТУАМ
Эй гули гулҳо, ман ошиқ бар гули рӯи туам,
Ошиқи он қомати зебову гесӯи туам.
Ҳар гулеро бӯ кашидам, ӯ надорад бӯи ту,
Ташнаву носер гашта доим аз бӯи туам.
Ҳамчу Қайсе, ки фақат ошиқ ба Лайло гашта буд,
Бош огаҳ, ошиқи бесабри дилҷӯи туам.
Ошиқи раҳ гаштану сар то қадамҳои накӯ,
Ҷонфидо дар ошиқӣ ба ҳар сари мӯи туам.
Ман надонам, ту чӣ гуна сеҳр дорӣ дар вуҷуд,
Рӯзу шабҳо пойбанди ҳусни ҷодуи туам.
Солҳову моҳҳо бигзашту ман, Қурбоналӣ,
Рӯи ту дар ёд асту ман ғазалгӯи туам.
ДАР ДИЛИ МАН АСТ
Ошиқи дунё ману аҷал муқобили ман аст,
Нафси бад, васвоси шайтон хасми қотили ман аст.
Ман гулеро дӯст дорам, кас надонад ҷуз Худо,
Ҳам худаш он гул намедонад, ки моили ман аст.
Маҳфиле барпо кунам, дар маҳфилам ояд агар,
Гӯиё як шоҳдухтар зеби маҳфили ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё