Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар хаёлам дар миёни хубрӯёни ҷаҳон
Аз ҳама зеботарин хокест чун гили ман аст.
Ҳар куҷо маскан бигирад он парӣ, медонамаш,
Ӯ намедонад вале ҷое, ки манзили ман аст.
Ҳамчу мӯҳри нуқрагин мегӯяд ин Қурбоналӣ:
Ҷовидонӣ меҳри ӯ ҷо гашта дар дили ман аст.

РАСАД КОРИ САВОБИ МАН

Шабе бар дидаҳои ман
Наомад ҳеҷ хоби ман,
Кӣ медонист ғайри Ҳақ
Зи ранҷу аз азоби ман?!

Ба ҳар як соату ҳар дам
Аҷаб фикре ба худ кардам,
Гувоҳӣ медиҳад ранҷам
Дувоздаҳто китоби ман.

Худовандо маро охир
Ба олам сохт чун шоир,
Ба ҳар як банди мавзӯе
Фақат шуд кофтукоби ман.

Ба ранҷам ҳаст шоҳидам
Бубин рӯи хароби ман,
Ҳавас доранд бисёри
Касон бар касби боби ман.

Намоям гоҳ фикри боб,
Ба хушкие барорам об.
Шавад сероб ҳар ташна
Зи банди ҷӯи оби ман.

Ҳамин Қурбоналӣ, ёрон,
Ба паҳлӯи накӯкорон.
Бигӯяд, ки ба микиснҳо
Расад кори савоби ман.

пешина
аз 119
навбатӣ