Фурӯғи пирӣ

Барои ҳар сағираву
Барои халқ ғам дорад,
Ба дил андешаҳои хуб
Дар ҳар як қадам дорад.
Бидон ҳар як мусулмоне,
Худододаст ин сарвар.
Зи ҳар кори накӯи хеш
Дилшод аст ин сарвар.
Худодод аст, ки рафта
Ҳама рӯи ҷаҳонро дид,
Ба дида гӯиё ҷои
Ҳама пайғамбаронро дид.
Барои ҳаҷ бирафта ӯ
Ба равза рӯи худ молид,
Зи дида ашк резонду
Ба даргоҳи Худо нолид.
Барои тинҷии дунё
Ба ӯ фикри зиёде буд,
Талабид аз Худо он ҷо,
Ба қалбаш чӣ муроде буд.
Ҷаноби олии моён
Қадам шерона мемонад,
Накӯ номаш чу одилшоҳ
Ҷовидона мемонад.
Дуъо Қурбоналӣ дорад-
Худо ғамхори ӯ бошад,
Ҳамеша раҳнамои ӯ,
Ба ҷумла кори ӯ бошад.
ИМОНАШ ДИҲӢ
Дар ҷавонӣ буд рӯям чун гуле дар гулшанам,
Зиндагиам шоҳворӣ буд андар масканам.
Мешудам дар ҳолате дар банди коре сар ба сар,
Дар хаёлам шерворӣ буд зӯрии танам.
Як фақери содаам, сад шукр мӯъминзодаам,
Ҳаст сад кӯҳи гуноҳон бор андар гарданам.
Роҳгуми мушти хокам бар дари Парвардигор,
Маргам ояд гар ба чангаш, чени дони арзанам.
Умр дар ҳаштоду ду, наздик омад мурданам,
Эй Худоё, раҳм кун дар талхии ҷон канданам.
Ё Худо Қурбоналиро нури имонаш диҳӣ,
Бандаи пур аз гуноҳе бас ба даргоҳат манам.
МУНОҶОТ
Бандаи оситарине дар шуморам, ё Худо,
Аз ду поям то ба сар ман ҷурм дорам, ё Худо,
Маргу мурданро ба хотирам дамодам оварам,
Оҳи сарде аз дилам боло барорам, ё Худо.
Худ ба худ гӯям, ки ман охир зи олам меравам,
Як сари танҳо даруни гӯри торам, ё Худо.
Бандаро, ки модари мушфиқ ҳамебошад замин,
Ман чу фарзандаш абадӣ дар канорам, ё Худо.
Нестам золим ва ё халлоқ, медонӣ маро,
Бар дарат бечораҳолу хоксорам, ё Худо.
Мешукуфад ҳар гулеву боз мерезад ба хок,
Зинда гӯё чун гули рӯи баҳорам, ё Худо.
Оқибат Қурбоналӣ дониста мегӯяд, ки ман
Ҳамчу бобо ҷовидонӣ дар мазорам, ё Худо.
МАВЗӮИ ДУНЁ
Назарҳо мекунам бар сӯи дунё,
Аҷаб зебост ҳусни рӯи дунё.
Шукуфон ёбам андар ҳар каноре
Баҳорон ҳар гули хушбӯи дунё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё