Фурӯғи пирӣ

Зи ҳар як боғзоре мебарад дил
Гули зардолуву олуи дунё.
Кунад дар сина ишқи оташин ҷой
Ҷамолу ҳусни ҳар бонуи дунё.
Фитода ҳаст ҷумла банда гӯё
Ба банди дому ҳар ҷодуи дунё.
Ғанимат ҳаст, ёрон, нӯш созем
Зи ҳар як чашмаву ҳар ҷӯи дунё.
Ҳазорон сол гуфтугӯй созем,
Нагардад дур гуфтугӯи дунё.
Намуд Қурбоналӣ иншо суруде
Каме имрӯз дар мавзӯи дунё.
БЕХАБАРАМ
Шоирам, соҳиби касбу ҳунарам,
Ҳофизе чу булбули нағмагарам.
Чӣ кунам, боз дар ин пиригарӣ
Рӯзи бадбахтӣ биомад ба сарам.
Дӯстон гардиши чархи фалак аст,
Дар ҷаҳон бандаи хунинҷигарам.
Эҳ, аҷаб золиму бераҳм бувад,
Бурд ёру дӯстонам зи барам.
Зи рӯи ғуссаву ғамҳои зиёд
Гоҳ нолидаву бо чашми тарам.
Гоҳ банди фикр андешакунон
Дида бедор зи шаб то саҳарам.
Ҳар замоне бирасад бар ёдам
Корҳову пандҳои падарам.
Зи ҳама кори ҷаҳон бохабару
Лек аз марги худам бехабарам.
Ҳар даме Қурбоналӣ гуфт: Худо
Зи ҷаҳон бо нури имон бибарам.
ФАРОМӮШ МАКУН
Ҳеҷ гоҳе писари ман, ту арақ нӯш макун,
Ба гапи ҳар шалақи майзадае гӯш макун.
Бубинӣ айби касон, фош бигӯ дар пешаш,
Дӯст бошӣ ту агар, айби ӯ рупӯш макун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё