Фурӯғи пирӣ

Покдоман шаву аз қути ҳараҷ кун парҳез,
Зани бегона ягон бор ту оғӯш макун.
Чу бубинӣ агар ҳар гул, ки варо хор бувад,
Ҳеҷ гоҳе ба ҳавас доштаву бӯ-ш макун.
Ба ту чун як-ду даҳан ҳарфи падарворона
Гуфт Қурбоналӣ, асло ту фаромӯш макун!
ҒОРАТГАР ТУӢ
Дар ноҳия аз он даме
Гардидагӣ раҳбар туӣ,
Ҳар одаме дуздасту бой,
Бар ӯ рафиқ дар бар туӣ.
Эй сарвари дунёталаб,
На илм дорӣ не адаб.
Фикркунон ҳар рӯзу шаб
Аз баҳри симу зар туӣ.
Чашмат натурад аз касе,
Ӯро шуморӣ чун хасе.
Агар битарсидӣ, ба ӯ
Чун акаву додар туӣ.
Дидам ҳама рафтори ту,
Монанди офимори ту.
Море, ки даркаш мешавад,
Бадтар аз ӯ аждар туӣ.
Дузде, ки ғорат мекунад,
Сангин иморат мекунад.
Сардор баҳри ончунон
Қаллобу ғоратгар туӣ.
Рӯзе зи олам бигзарӣ,
Бар он ҷаҳон чӣ мебарӣ?
Чор газ кафан бар гӯр барӣ,
Шармандаи маҳшар туӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё