Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қурбоналӣ бар сӯи ту
Кам гуфт дар мавзӯи ту.
Арзанда бо нарху наво
Чени туқуми хар туӣ.

ВАСИЯТ

Аҷаб умри дарозеам Худо дод,
Ниҳодам пой дар домони ҳаштод.
Суруду достонҳо кардам эҷод,
Намегӯям, ки умрам рафт барбод.

Бидон ҳар кас, ки дунё бевафо ҳаст,
Дили ҳар пир бесавту наво ҳаст.
Ба ҳар ҷондор марге аз қафо ҳаст,
Набошад ҳеҷ кас аз чангаш озод.

Зи чанголи аҷал ёрони мо рафт,
Тамоми авлиёву анбиё рафт.
Аз ин дунё ҳабибони Худо рафт,
Куҷо шуд Рустаму Сӯҳробу Фарҳод?!

Аз ин дунё гаҳе ки даргузаштам,
Чу бобо ҷо ба хоки тар бигаштам,
Кунед, эй мӯъминон , баъди сарам ёд,
Рӯҳам албатта гардад аз шумо шод.

ТУ БАНДИ ФИРЕБ САР НАДОДӢ

Эй сарвари дуздаки фасонпӯш,
Панде зи пире надорӣ бар гӯш.
Ҳамроз ба дузду ҳар арақнӯш,
Аз мурдани худ макун фаромӯш.
Як фойда ба ранҷбар надодӣ,
Ту банди фиреб сар надодӣ
Бинам кату куту давлати ту,
Берун зи раҳи шариатӣ ту.
Ғофил зи ҳама насиҳатӣ ту,
Чун офату ҳам касофати ту.

пешина
аз 119
навбатӣ