Фурӯғи пирӣ

Як фойида ба ранҷбар надодӣ,
Ту банди фиреб сар надодӣ.
Донам ки чӣ гуна раҳбари ту,
Баднафс ба сони аждари ту.
Мемириву ҳавливу дари ту
Монад ҳама зор аз сари ту.
Як фойда ба ранҷбар надодӣ,
Ту банди фиреб сар надодӣ.
ПАНД БА ҶАВОНМАРД
Ҷавонмардо, бикун коре, аён бош,
Ба ҳар ҷо бо касони хуб равон бош,
Барои хизмати модар бананге,
Далере, ҳамчу Рустам паҳлавон бош.
Агар хоҳӣ, ки бошӣ садри маҳфил,
Бихон бисёр, марди нуктадон бош.
Биомӯзу биомӯзу биомӯз,
Хабардор аз ҳазорон достон бош.
Бихон монандаи Айнии доно,
Хабардор аз ҳама сири ҷаҳон бош.
Ба номи нек хоҳӣ бошӣ машҳур,
Мудом дар хизмати пиру ҷавон бош.
Сухан Қурбоналӣ, аз беш гуфтан
Туро беҳтар нигаҳдори забон бош!
НЕСТ ҶОВИДОН ХУШКШАВАНДА
Чист тақдири мо дар оянда,
Ҷуз Худо ғофил ҳаст ҳар банда.
Розӣ мо ҳастем аз касони хуб,
Туфу лаънат лек бар каси ганда.
Боқадр бувад ҳар либоси нав,
Беқадр гардад ҷомаи ҷанда.
Ту аз ин рӯ дон, пирамарде мурд,
Мебинӣ ҳар ҷой гапгапу ханда.
Мурда бошад гар як ҷавонмарде,
Ашк резад кас, ҳаст арзанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё