Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шуд касе бераҳм ҳамчу дарранда,
Риштаи умраш ҳақ шавад канда.
Ҳаст нишонрас ҳар хаёлоти
Шоиронаву ҳар нависанда.
Чашмаи шеъри Қурбоналӣ дон,
Нест ҷовидон хушкшаванда.

МУБОРАКБОД ИДИ СОЛИ НАВ

Меҳри соли нав ба дурҷи синаҳо ҷо мекунем,
Мо ба васфаш шеърҳои тоза иншо мекунем.
Бо ҳазорон шавқу шодиҳо гирифта пешвоз,
Месароем ҳар суруду тӯй барпо мекунем.
Ҳар даме аз даргаҳи халлоқи ҳарду оламӣ
Саҷда оварда талаб мақсуди дилҳо мекунем.
Орзуи тинҷиву сулҳу амонӣ дам ба дам
Дар тамоми гӯшаҳои рӯи дунё мекунем.
Меҳри дил андар канору гулшани Модар-Ватан
Ҷовидонӣ ҷой чун булбули шайдо мекунем.
Аз самими дил муборакбод иди Соли нав
Бар ҳама марду зану ҳар пиру барно мекунем.

БАР ВАСФИ ГУРӮҒЛИСАРОИ МАШҲУРИ
ДАВРАИ МИРИ БАЛҶУВОН МУЛЛОИ АЗИМ

Аз Паразорак дӯстон
Дар даври мири Балҷувон
Як ҳофизи ширинзабон
Мехонд шеъру достон.

Гашта мурид бар ҳофизон
Аз давраи хело қадим,
Машҳур чун гурӯғлихон,
Ҳам буд муллои азим.

Қишлоқашон байни дара,
Бисёр буд хушманзара.
Атрофи он деҳи базеб
Буд ҷангали амруту себ.

пешина
аз 119
навбатӣ