Фурӯғи пирӣ

Дар байни баъзе дараҳо
Ҳар чи намоён дошт ӯ,
Ҳар як дарахтони калон
Аз чормағзон дошт ӯ.
Андар дили халқи диёр
Андешаҳои беш буд,
Дар ҳавлии ҳар хонае
Пур гову бузу меш буд.
Мардум баъди тирамоҳ,
Дар ҳар зимистони дароз
Мекард бар по ҳар касе
Бо навбат маҳфили соз.
Мехонд муллои азим,
Ҳар достону месуруд.
Аз достони Авазу
Аз қаҳрамонҳо месуруд.
Андар сухандонӣ аҷаб
Доно буду хело ғанӣ,
Мегуфт буз кашид Аваз
Гардонд анна майманӣ.
Аз тӯда мешуд, ки бурун,
Буз дар таги пои Аваз
Мегуфт қираш медавид
Мехест ӯ чилу ду газ.
Ин ҷо касони бузкаше
Мекард тавсифи ӯ гӯш,
Завқи дилаш дар бузкашӣ
Чун чашма меомад ба ҷӯш.
Дар ҷои мусибат агар
Мехонд мулло бо алам,
Мерехт ашк аз дидаҳо
Ҳар ки ба сина дошт ғам.
Мехонд андар достон
Аз боби ишқи ошиқон,
Мекард аз маъшуқа ёд
Ҳар ошиқу ҳар навҷавон.
Дар хондани мулло Азим
Ҷое Аваз мешуд ба ҷанг,
Аз хуни душманҳо замин
Мегуфт гардид лоларанг.
Мебофт суханҳо ончунон
Бар васфи Аваз паҳлавон,
Мегашт пайдо ғайрате
Андар дили чандин ҷавон.
Хуллас, ки дар тӯйхонаҳо
Чун тӯтие биншаста буд.
Меҳраш ба қалби сад касон
Монанди ҷон пайваста буд.
Дар зиндагӣ мулло Азим
Дарахтҳо сабзондааст,
Номаш ба некӣ дар ҷаҳон
Ҷовид зинда мондааст.
НАМОНД
Пирӣ омад, паҳлавониам намонд,
Рангу рӯи арғувониам намонд.
Рехт дандонҳо ҳама, фарсуда шуд,
Дар сухан ширинзабониам намонд.
Дар ҷавониҳо будам чун боғбон,
Қуввае дар боғбониам намонд.
Бо мисоли тӯтӣ будам нуктадон,
Пир гаштам, нуктадониам намонд.
Мурғи қалбам монд акнун аз наво,
Завқу шавқи шеърхониам намонд.
Ҳайф, ки даври ҷавонӣ рафт, рафт,
Лаззате дар зиндагониам намонд.
Дид дар ойина худ Қурбоналӣ,
Гуфт: ҳайфо, ки фасониам намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё