Фурӯғи пирӣ

ФАЛАК ФИКРИ ДИГАР ДОРАД
Касе дунёталаб гардад,
Ҳавас бар молу зар дорад.
Чу қасри подшоҳе вай
Шукӯҳи бому дар дорад.
Дили тор афти шом дорад,
Хаёли хоми хом дорад.
Фаросатҳову нодонӣ
Ба сони кӯру кар дорад.
Кунад бояд, ки одам фикр,
Ҳаёти дар гузар дорад.
Аз олам рафт чун бобо,
Макон дар хоки тар дорад.
Кунӣ мастӣ агар чанде,
Ҷаҳон бидҳад туро фанде,
Аҷал як тири пинҳонӣ
Ба ҷонат бехабар дорад.
Накун Қурбоналӣ майлу
Ҳавас бар моли дунёӣ,
Ту фикри молу зар дорӣ,
Фалак фикри дигар дорад
.
ДАР ОЛАМУ ДУНЁ
Дар олами бепоён
То ки ба бадан ҷон аст,
Дар ҷустуҷӯи рӯзӣ
Доим ҳама инсон аст.
Дил дода касе бошад
Бар давлати дунёӣ,
Аз марг шуда ғофил,
Як бандаи нодон аст.
Халлоқ ба ҳар банда
Додаст амонат ҷон.
Мемираду аммо боз
Қақра зада хандон аст.
Ҳар бандае нопок аст,
Бобухлу ғазабнок аст,
Пайваста дили ӯ, дон,
Бар фитнаи шайтон аст.
Баландии ҷурми мо
Дар олами ӯ дунё
Баланд зи ҳар кӯҳи
Помиру Бадахшон аст.
Шукронаи пур карда
Қурбоналӣ мегӯяд,
Ки хоки мани хокӣ
Аз хоки мусулмон аст.
САМАР НЕСТ
Касе аз панди пирон бохабар нест,
Аз ӯ фойида бар аҳли башар нест.
Набошад бар касе илму саводе,
Шумораш кӯр, кам аз кӯру кар нест.
Куҷо раҳбар шавад гар инчунин кас,
Дар он идора гӯё роҳбар нест.
Надорад ҳурмати ҳар пиру нодор,
Сабаб ин ки ба вай илму ҳунар нест.
Касе, ки сарвар асту бесавод аст,
Варо ақлаш бидон пурра ба сар нест.
Зи чандин сарварони бесаводе
Чу ман ранҷидаву хунинҷигар нест.
Барои одамон чӣ фойда дорад
Дарахте, ки ба ӯ бору самар нест?!
Аҷал дорад чунон найрангҳое,
Ки он найрангҳоро сарру бар нест.
Барад моро аҷал рӯзе ба ҷое,
Ки номаш гӯр, аз он тиратар нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё