Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НАМЕМОНАД

Ягон одам абадзинда, бидон, барно намемонад,
Касе бе розигии ҳақ ягон ҷо по намемонад.
Дарахте сар кашад чанде чу гардад пир, мехушкад,
Биафтад бар замин охир , сараш боло намемонад.
Бирӯяд баъзе кас нодон, дигар мардум доное,
Зи чанги марг нодону ягон доно намемонад.
Ба сони хандаи занҳо бирӯяд гул ба гулшанҳо,
Гуле хандон бидон ҷовид ба гулшанҳо намемонад.
Ба гӯри тор медонем, ки бобои мо танҳост,
Магӯ ҳаргиз, ки ҳар одам сари танҳо намемонад.
Замин аз ман магӯ, даъво макун ҳаргиз ту эй банда,
Ту охир аз замин ҳастӣ, замин бо мо намемонад.
Хулас Қурбоналӣ гуфто бидонед, эй мусулмонон,
Ягон шоҳу гадо ҷовид дар дунё намемонад.

ТОЗААВЛОДӢ

Манам ношод, ту шодӣ,
Зи сӯзи ишқ озодӣ.
На огаҳ аз Шириниву
На ту аз ишқи Фарҳодӣ.

Ба ҳар як соату ҳар дам
Маро, эй моҳ, дар ёдӣ.
Кунам васфи ту, эй дилбар,
Чу як шоҳи паризодӣ.
Маро касби худоде
Бигардид касби эҷоди
Туро, як тозаавлодӣ.

ҲАРГИЗ НАШАВАД КАМ ОБИ ҶОРӢ

Раҳме камакак ба дил надорӣ,
Монанди парии зулмгорӣ.
Ҷон дар баданам зи тарс ларзон,
Як бӯса бигуфтамат ба зорӣ.

пешина
аз 119
навбатӣ