Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Розӣ нашудӣ ту, эй паризод,
Эй рост , бигӯ, ба кӣ ту ёрӣ?
Пире шудаму нагаштаам сер
Аз бӯкашии гули баҳорӣ.
Як бӯса агар закоти ҳуснат
Медодӣ, ӯ буд савобкорӣ.
Дорӣ, санамо, ту қадду рӯе
Монанди арӯсаки ҳисорӣ.
Умрам бе висолат, эй париваш,
Бигзашт ба ҳар даме ба хорӣ.
Ҳастӣ ту агар бидонӣ, гӯё
Чун чашмаи софи кӯҳсорӣ.
Қурбоналӣ чанд гар кунад нӯш,
Ҳаргиз нашавад кам оби ҷорӣ.
Аз оташи ишқ сӯзад ошиқ,
Чун ҳезуми тар, хабар надорӣ.

ДУХТАРИ ХАРАНГОНӢ

Назди дараи Варзоб,
Як рух сурати афтоб,
Рӯи дигаре маҳтоб,
Духтари Харангонӣ.

Чун духтараки хола,
Қад чун гулаки лола.
Тобад ба сари ёла
Духтари Харангонӣ.

Дил шуд ошиқи рӯят,
Гардид ғазалгӯят.
Ҷон садқаи ҳар мӯят,
Духтари Харангонӣ.

Ҳусне, ки паризод аст,
Он ҳусни худодод аст.
Ошиқ ба ту дилшод аст,
Духтари Харангонӣ.
ДАР МОТАМ ШАВАД

Пиру аз ду пой ман лоғар шудам,
Мунтазири ҳар калеву кар шудам.
Навҷавонӣ чун баҳоре даргузар
Бигзарад, ӯ бар намеояд дигар.

Об ки шуд равғани чашмон,тамом,
Бар ду дида рӯз тобад афти шом.
Бар вуҷуди пир ҳар дарду зиён
Меқапад аз дасту сар гаҳ аз миён.

Синаи ҳар пир беасрор нест,
Дар касалиҳояш ҳаким даркор нест.
Ҳар шабе аз дард ӯро хоб нест,
Дардҳои ӯ табобатёб нест.

Ҳақ ба вай даврони пирӣ додааст,
Дар ҳисобе аз ду по афтодааст.
Бар асо чун қомати ӯ хам шавад,
Шодии он пир дигар кам шавад.

Ҷои шодӣ бор кӯҳи ғам шавад,
Мурғи дил дар вою дар мотам шавад.
Амри ҳақ ҳар чи ки тан беҷон шавад,
Мерасад рӯзе, ки тан беҷон шавад.

Ҳар ки бо навбат зи олам меравад,
Шод чанде буд, бо ғам меравад.
Ҳофизам гуфтаст дунё бевафост,
Дон ту, эй Қурбоналӣ, ҳақ асту рост.

БА РӮЗИ ҶАШНИ ҶАЛОЛИДДИН

Бихонад ҳар кӣ панду гуфтаҳоят,
Дуруде ё суруде ё ҳикоят,
Ба миҷгон тӯтиё созам бигӯяд,
Туро Ҷалолиддин аз хоки поят.

пешина
аз 119
навбатӣ