Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту илм омӯхтӣ карда ҷигар хун,
Кашидӣ дар дабистон ранҷи афзун.
Муҳаббат бастӣ дар ишқи илоҳӣ,
Ба сони ҳазрати Бурқу чу Маҷнун.

Ба ҳар як нутқи ту ҷону макон аст,
Шуда вирди забони одамон аст.
Ба ту раҳматфиристон ҳамчу моён
Малакҳо аз канори осмон аст.

Чӣ гап аз ту навишта дар китоб аст,
Тамомаш зикри Иллоҳӣ ҳисоб аст.
Ҳама бар кулли мӯъмин судбахшо
Ба сони нармиҳои офтоб аст.

Бале, бар ту Ҷалолиддини Балхӣ
Ба ин доногариву илму пандат,
Сари таъзим фурӯ орем пешат,
Зи рӯи донишу нутқи баландат.

Ту фахри тоҷикон андар ҷаҳонӣ,
Ту устоди тамоми шоиронӣ.
Дуо Қурбоналӣ карда Худо гуфт:
Насибаш кун биҳишти ҷовидонӣ!

БА ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Аҷаб марди бузурге ту,
Каси олисухан ҳастӣ.
Шуда машҳур дар олам
Зи рӯи илму фан ҳастӣ.

Ту пандомӯз дар дунё
Барои ҳар мунофиқу
Дигар панду насиҳатгӯ
Ба ҳар паймоншикан ҳастӣ.

Шакарбор аст аз ту, эй
Ҷалолиддин, суханҳоят.

пешина
аз 119
навбатӣ