Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту ҳамчу тӯтӣ хушгӯву
Чу булбул дар чаман ҳастӣ.

Бувад гуфторҳои ту
Ҳама аз панди исломӣ,
Ба касби ту бувад пайрав
Бузургон Саъдиву Ҷомӣ.

Туро Қурбоналӣ гуфто
Яке марди худододӣ,
Ба садҳо шоирон пурра
Ҷалолиддин ту устодӣ.

МЕМОНАД

Ҳар ки бо соату бо мавридаш
Оқибат бар хок сар мемонад,
Бикашад сар зи замин то ба само
Охир ӯ аз даву пар мемонад.

Гарчи чун шоҳ кунад хонаву дар,
Ҷамъ созад , ки ҳазорон хуму зар,
Ногаҳон мемирад аз чанги аҷал,
Зор аз сар ҳама зар мемонад.

Ба куҷое кунӣ, эй банда, сафар,
Бештар мазорҳоро бингар.
Тӯп-тӯпи хокҳо бубину бигӯ
Ҳар ки сар ба хоки тар мемонад.

Дон, ки бебар ҳаст найранги аҷал,
Кӣ кунад озод аз чанги аҷал?
Ҷон диҳад ҳар ки ба як санги аҷал,
Молу мулкаш ба дигар мемонад.

Падари Қурбоналӣ деҳқон буд,
Доимо дар хонааш меҳмон буд.
Пой баҳри накӯ номбардорӣ
Писараш баҳри падар мемонад.

пешина
аз 119
навбатӣ