Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАҲРУМШУДА

Сарваре зулматгари мардум шуда,
Бар ду чашми халқ ӯ рӯшум шуда,
Доимо аз ҳар касе лаънат гирифт,
Аз забонҳо номи некаш гум шуда.
Фикри ӯву зикри ӯ шому саҳар
Баҳри бойӣ аз барои сум шуда.
Бори каҷро то ба манзил ӯ набурд,
Ҷумлаи каҷкориаш маълум шуда.
Зидди вай шахсе шикоятгар нашуд
Аз вазифа ногаҳон маҳрум шуда.
Шуд хиҷолат, ҳар ду чашмонаш булуқ,
Дар нигаҳсозӣ ба зайли бум шуда.
Соли 2005

ГАП ГУФТА НАМЕТОНӢ

Эй, ки ту мусулмонӣ,
Муллоиву эшонӣ,
Бингар рухи зебои
Ин моҳи Харангонӣ.

Дил шефтаи мӯяш,
Ҳам қомати дилҷӯяш.
Дар дида бувад пурнур
Чун моҳи Бадахшонӣ.

Дар роҳе, ки танҳоӣ,
Бо вай пешорӯ оӣ,
Дил майл кунад бо ӯ
Аз баҳри суханронӣ.

Чун ман ё ғазалхонӣ,
Гар соҳиби имонӣ,
Шармида, ба ӯ духтар
Гап гуфта наметонӣ.
Дон Зебуниссо номаш,
Мисли парӣ андомаш.
Падар Муҳаммад номаш
Аз ояти Қуръонӣ.

Қурбоналӣ фарзандаш,
Чун ҷону ҷигарбандаш
Ин Зебуниоро хонд
Андар ду ҷаҳон, донӣ.

ЭЙ ХАСИСИ МОЛДОР

Ҷӯраҷон, ҳар ҷо сафар бинмою дунёро нигар,
Одами нодону баъзе марди доноро нигар.
Бандаи бофаҳм фикр аз рӯзи маҳшар мекунад.
Тарки моли ин ҷаҳону нуқраву зар мекунад,
Бандаи ношукру нодон хонаву дар мекунад.
Хонаашро сахттар аз санги мармар мекунад.
Дар хаёлаш, ки намирад ҳеҷу мемонад ҷавон,
Мекунад сайру тамошоҳо ҷаҳонро ҷовидон.
Бандаи моли ҷаҳон шуд ҳар касе нодон бувад,
Бехабар аз панди пайғамбар ва аз Қуръон бувад.
Мискинеро дӯст медорад Худованди ҷаҳон,
Ки бигирад номи ҳақро ҳар даме ӯ бар забон.
Баъзе доро фикр не аз тангии гӯр мекунад,
Фикр не аз гушнагиву заҳмати мӯр мекунад.
Хар ки донад раҳм ки аз гӯшаи имон бувад,
Бар тани ҳар банда дар дунё амонат ҷон бувад.
Умр кӯтоҳ ҳаст, аммо ранҷи олам бешумор,
Фикр кун аз маргу мурдан эй хасиси молдор.
Бигзарад ҳар одамиро оқибат фасли баҳор,
Оқибат Қурбоналиро хок мегирад канор.

БАҲОР

Ин арӯси сол, ки гармак ҳаво меоварад,
Бар гияҳҳои ҷаҳон аз нав ғизо меоварад.
Бар дили ҳар одамиву ҷумла мурғони чаман,
Шодиҳои бебару савту наво меоварад.

пешина
аз 119
навбатӣ