Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғуррише аз раъду барқе гоҳ-гоҳ бар гӯшҳо,
Пораҳои абрҳое дар само меоварад.
Бар замини гаштагӣ озод аз яхбандиҳо
Гармии хуршеди олам нармиҳо меоварад.
Бар мисоли қолине сабз асту пур нақшу нигор
Сабзаю гулҳо баҳорон зери по меоварад.
Шоҳро ҳар мӯъмине ҳукмаш агар орад ба ҷо,
Амри ҳақро наздӣ шаҳ дон ӯ ба ҷо меоварад.
Ташвишу ранҷи замистон ҳеҷ, ёрон бебар аст,
Навбаҳорон бар ҳама кайфу сафо меоварад.
Ҷумларо Қурбоналӣ обу ҳавою ганҷро
Якка халлоқи ду олам баҳри мо меоварад.

БАРОИ ИДИ ҒАЛАБА - НӮҲУМИ МАИ 1945

Мо ранҷбарони кӯҳнасолем,
Аз фитнаи Гитлер малолем.
Аз даври ҷавонӣ то ба пирӣ
Дар кори Ватан мудом фаъолем.
Ҳар ки бидиҳад ба мо саволе,
Ҳозирҷавоб дар саволем.
Андар тани мо ки захми тир аст,
Аз дарди бадан шабон бинолем.
Аз даври ҷавонӣ то ба пирӣ
Нон хурда ба меҳнати ҳалолем.
Хоке ки кулоли поки пок аст,
Бо амри худо аз он кулолем.
Дар арсаи ҷанг дидагӣ мо
Бераҳмии гургу ҳар шағолем.
Мо хоки Ватан ба рӯи дида
Монандаи тӯтиё бимолем.
Аз рӯи нигоҳубинии хок
Сад шукр расида бар камолем.

АЁН БА ЧАШМИ МАРДУМ

Бо ҳуҷҷати қалбакӣ
Шахсе мутахассис шуд,
Дарёфт як тағое
Дар ноҳия раис шуд.

пешина
аз 119
навбатӣ