Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз дуздӣ бой гашту
Гушначашму хасис шуд,
Аз ростгӯи дуру
Сарвари каҷнавис шуд.
Берун зи пандҳову
Ҳикмати ҳар ҳадис шуд.
Аён ба чашми мардум
Як сарвари хабис шуд.

ДУРӮҒГӮ

Дурӯғгу то даме дар байни мо ҳаст,
Бидон ӯ душмани халқу Худо аст.
Гули бебӯйро кӣ мекунад бӯ?
Надорад обрӯ шахси дурӯғгӯ.
Зи дидораш рафиқаш рӯй тобад,
Баракат ӯ зи касби худ наёбад.
Худ ӯ ёри Азозил дар ҳисоб аст,
Чунин мисраъ навишта дар китоб аст.
Нишон дар ӯ зи ахлоқу адаб нест,
Дилаш тира каме аз тирашаб нест.
Кунам андеша аз ин гуна одам,
Магар ақли сараш бошад ками кам?!
Магар ақли сараш пурра ба ҷо нест
Ва ё огоҳ аз шарму ҳаё нест.
Набошад ростиро ки заволе,
Дурӯғгӯист сад кӯҳи уболе.
Миёни мо бувад ӯ хасми қотил,
Бувад ӯ пайрави мулло Азозил.
Гуноҳонаш ба олам бар надорад.
Ба ӯ Қурбоналӣ бовар надорад.

ХОДАИ ҚАБРИ МАЗОР

Ҳар суруде гуфта бошам бе гапу бе ҷон набуд,
Дар диёри Ховалингам зиндагӣ осон набуд.
Рӯи курсӣ чухт афти ходаи қабри мазор,
Сарваре огаҳ мудом аз манзили вайрон набуд.

пешина
аз 119
навбатӣ