Фурӯғи пирӣ

Зи нӯги пойҳо то банди гардан
Бигашта нимҷону дардмандам.
Шуда ғарқи ҳазору сад хаёлот,
Ба сад гуна фикрҳо пойбандам.
Ба сони ар-аре буд қоматам рост,
Зи пирӣ хам бизад қадди баландам.
Ба чашми садри дур аз фаҳму нокас
Ба монанди кулӯхе нописандам.
Манам пире, ки сад асрор дида,
Хабардор аз чароғи илму пандам.
Расида шукр, умри ман ба ҳаштод,
Надонам зинда монда боз чандам.
Зи камдармониҳои пирсолӣ
Умед аз зиндагӣ якбора кандам.
ПАНҶАИ ҲЕЗУМШИКАНАМ ШУД
Устод ба ман сурати Модар-Ватанам шуд,
Имдодгари ҳар ғазалам илму фанам шуд.
Пайваста бувад меҳри Ватан бар дилу ҷонам,
Номаш абадӣ қанд барин дар даҳанам шуд.
Шоирӣ бувад касби худодод ҳақиқӣ,
Меҳраш абадӣ ҷой ба узви баданам шуд.
Бо амри Худо, сурати тире ба нишона
Рафта зи камон рост расад, ҳар суханам шуд.
Аз пирӣ зи ман рехт ҳама сиву ду дандон,
Монанди ман афгору дилозурда занам шуд.
Аз дарди пирӣ гашт бадан обу адое,
Мисле, ки куҳан гардидагӣ пираҳанам шуд.
Қурбоналӣ гуфто, ки дареғову дареғе,
Беқувва тану панҷаи ҳезумшиканам шуд.
РИШТАИ УМРАШ ҲАҚ КАНДА
Чист тақдири мо дар оянда,
Ҷуз Худо ғофил ҳаст ҳар банда.
Розӣ мо ҳастем аз касони хуб,
Лек лаънатҳо бар сари ганда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё