Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вақти ҷон додан менамоем ҷеғ,
Тезтар орем як манаҳбанда.
Боқадр бувад ҳар либоси нав,
Беқадр гардад ҷомаи ганда.
Ту аз ин рӯ дон пирамарде мурд,
Мебинӣ ҳар сӯй гап-гапу ханда.
Гар ҷавон бошад мурда, ҳар мӯъмин
Ашк резонад, ҳаст арзанда.
Шуд касе бераҳм ҳамчу дарранда,
Риштаи умраш ҳақ шавад канда.

ҲАРОМСОЗИ КОРАЙ

Дар як ҷо сардорай,
Чашмош чашми морай.
Дар боби катанафсӣ
Монанди аждаҳорай.

Сардоре чун касофат
Ҳар ҷо ёбад зиёфат,
Хӯрданаш дида гӯӣ
Ишкамаш афти ғорай.

Бувад ӯ ёри бода,
Раҳ наравад пиёда.
Дар сиву чил қадам раҳ
Дар мошине саворай.

Бувад ӯ бадситора,
Сарбори ин идора.
Аз баски бесаводу
Ҳарромсози корай.

ИДИ МАТБАА

Мане огаҳ шуда аз матбуотам,
Бибурдам баҳра аз ӯ дар ҳаётам.
Гирифта рӯзномаро, ки хонам,
Ҳаловат медиҳад бар ҷисму ҷонам.
Ба худ ӯ диққатамро мекунад ҷалб,
Равад чандин ғубору ғусса аз қалб.
Ба ҳар як рӯзнома қосиде ҳаст,
Ба сафҳа бар навиштан мебарад даст.
Чу маҷнунбед сар хам мекунад ӯ,
Зи фикре хуни дил кам мекунад ӯ.
Ба навис-нависе сар мекунад ӯ,
Сатрҳо пур ба дафтар мекунад ӯ.
Суханҳо бофт кардан мушкиле ҳаст,
Вале чун шер қосидро диле ҳаст.
Қадам ба ҳар каноре мегузорад,
Хабар аз кишварони дур орад.
Фузун воқеаҳоро мо надонем,
Зи матбаа агар хонем, донем.
Кунад Қурбоналӣ андар баҳорон
Муборак Иди рӯзноманигорон.

БА САРДОРИ ХУДПАРАСТУ БАДҚАВОҚ

Рафт як мард ба пеши роҳбар,
Гуфт қаҳролуд одам набудаст.
Сикаву сурати рӯяш дар гӯр,
Дили ӯ чун дили Ҳотам набудаст.
Ба фақерону Ватан фойдарасон
Чени ду қатраи шабнам набудаст.
Бадқавоқе ҳаст дида гӯӣ
Дили ӯ холӣ зи мотам набудаст.
Ҳеҷ як зарра хабардоре аз
Панду ҳикматҳои олам набудаст.
Маргу мурдан ӯ ба ёд оранда
Ҳамчу як бедине кам-кам набудаст.
Гап дағал ҳаст, вале мегӯям
Кам ӯ аз грози сархам набудаст.

ПАНҶ

Ҳамчу мулки Панҷ ёрон сарзамини боб нест,
Дар назар дидам, ба рӯяш гармӣ аз афтоб нест.
Халқ ин ҷо ранҷ дида, пахтакорӣ мекунад,
Ҳеҷ кас бекор дидам рӯзҳо дар хоб нест.

пешина
аз 119
навбатӣ