Фурӯғи пирӣ

БО МИСОЛИ СИФОТИ АЛҲАМӢ
Пурсамат, эй тирхӯрда, бардамӣ?
Ҳолу аҳволат бигӯ, аз чӣ камӣ?
Ҷангида бар лашкари Гитлерчиён,
Зӯртан боло зи садҳо Рустамӣ.
Медарояд шер байни галлае
Ту надорӣ аз ягон шере камӣ.
Дода хун аз баҳри ҳифзи модарон,
Ранҷи ту бахшид даври хуррамӣ.
Бар ту омад ҳамчу ман пиригарӣ,
Ҳамчу маҷнунбед гашта сархамӣ.
Дар канору дидаи Модар-Ватан
Беҳтарин фарзанди хуби одамӣ.
Дар ҳазорон синаҳо ҷо меҳри ту
Бо мисоланди сифоти алҳамӣ.
АЗ АЗОБИ ГӮР БЕРУНАМ
Ман дар ин аёми пириам дигаргунам, бидон,
Ҳамчу испори хаме шуд қадди мавзунам, бидон.
Меқапад аз дасту поям дардҳои ноаён,
Дар азоб афтодагӣ аз дарди афзунам, бидон.
Дида қасрсозиҳои садри беилму адаб,
Гашта ҳайроне ба кори сарвари дунам, бидон.
Сарваре ғофил зи маргу бандаи симу зар аст,
Ман дар ишқи халқу мулкам ҳамчу Маҷнунам, бидон.
Сарвари дунёталаб пайрав ба малъун мешавад,
Ман гурезон аз бари ҳар зоти малъунам бидон.
Дида каҷрафториҳои раҳбарони дуздро,
З-он ҳама ранҷида бошам, як ҷигархунам, бидон.
Кардагӣ Қурбоналӣ парҳез аз қутти ҳаром,
Иншоолоҳ, аз азоби гӯр берунам, бидон.
УМЕД АЗ ЗИНДАГӢ ЯКБОРА КАНДАМ
Зи пирсолии худ ман гиламандам,
Зи қувва гашт кам пои давандам.
Наметонам суханҳо пурра гуфта,
Надорам ҳеҷ як завқе, бихандам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё