Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Халқ гуфто шоиро, дарвозаи ҷӯҳои об
Ҷорӣ карда тирамоҳӣ дар ҳавои ноб нест.
Кист ин золим, ки бар мо менадиҳад оби нӯш,
Ҳар ки бошад, кам гуноҳаш аз дусад қаллоб нест.
Мири об бошад ва ё ӯ сарвари болотаре,
Роҳи некиву савоберо ба кофтукоб нест.
Хушксози обҳоро ҳурматаш дар пеши мо
Чени ду қатри равони чашмаи варзоб нест.
Октябри соли 2005

ШАРМАНДАИ МАҲШАРӢ

Дидам, ки дар идора
Туро чу як сарварӣ,
Ҳайф аст бар ту мансаб
Надорӣ одамгарӣ.

Ба сурат афти одам,
Аммо фаросатат кам.
Ногирифта аз афтат
Панди падар-модарӣ.

Нишаста рӯи курсӣ,
Масти шароб ҳастӣ.
Карда назар ба сӯям
Монанди гурги ҷарӣ.

Дон, мекунӣ хиёнат
Баҳри азоби ҷонат,
Ҳар шишаи арақро
Пул додаву мехарӣ.

Ин хислате ту дорӣ,
Не бандаи Худоӣ,
На дар қатори ҷумла
Уммати пайғамбарӣ.

Фардо рӯзи қиёмат
Дар байни халқи маҳшар
Дучори сад азобу
Шармандаи маҳшарӣ.

пешина
аз 119
навбатӣ