Фурӯғи пирӣ

ДАР АЗОБ АСТ
Пурнур Ховалингам
Аз нури офтоб аст,
Аз баҳри ризқу рӯзӣ
Ҳар кас ба кофтукоб аст.
Аз баҳри норасоӣ
Ҷӯянда чун гадоӣ,
Нодор аз оташи ғам
Дилу ҷигаркабоб аст.
Касе доранда бошад,
Бахташ ба ханда бошад.
Гирад ки дасти нодор,
Коре аҷаб савоб аст.
Гузашт даври сармо,
Шавад баҳор гармо.
Чароғи оламоро
Шаб нури маҳтоб аст.
Дар ҳар канори дунё,
Дар кору бори дунё
Чаққа шуда ҳар одам,
Гӯё дар инқилоб аст.
Бо даст миҷа рӯфтам,
Ин мисраҳо, ки гуфтам.
Бимонда ҷовидонӣ
Бидон, ки дар китоб аст.
Дар Ховалинг, ёрон,
Дар зери барфу борон
Қурбоналӣ зи ҳезум
Харобу дар азоб аст.
АМАЛ БИНМО БА ҲАР ПАНДАШ
Ҷавонмардо, накун зоеъ
Ғурури навҷавониро,
Чу Рустам деҳ нишоне ту
Тариқи паҳлавониро.
Ба ёдат аз фалак меор
Фиреби чархи гардонро,
Илоҷе кун, бигир афзун
Дуои пирамардонро.
Дар айёми ҷавониҳо
Намо кӯшиш ту бо мардӣ,
Бихон илму чу Ҳотам кун
Сафарҳову ҷаҳонгардӣ.
Туӣ баҳри Ватан-Модар
Бидон, фарзанди ғамхораш,
Намонаш по ниҳад хасме
Ба боғе ё ба гулзораш.
Агар хасме ба хоки ту,
Ки майлаш боиси ҷанг аст,
Ба зиддаш бош чун шери
Жаёне, гар туро нанг аст.
Кадом фарзанд рӯ тобад
Агар аз хизмати модар,
На банда бар Худо ҳасту
На вай уммати Пайғамбар.
Бар ин Қурбоналӣ ҳастӣ
Ҷавонмардо, чу фарзандаш,
Чу фарзанди вафодораш
Амал бинмо ба ҳар пандаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё