Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БА САРВАРОНИ ПОКДОМАН

Шумо доред, ки илму ҳунарҳо
Ба мардум судбахшо, роҳбарҳо.
Чунон судоваре, ки оби ҷорӣ
Ба ҳар боғе бубахшояд самарҳо.
Шумо ҳастед мардоне хабардор
Зи ганҷи синаи кӯҳу камарҳо.
Шумоён хондагӣ дар ҳар дабистон
Ба сад ранҷу ба сад хуни ҷигарҳо.
Шумо омӯхта таърихи дунё,
Хабар доред ҳоли ранҷбарҳо.
Ба фаҳмам, ки дуоҳое гирифтед
Зи пиронсолҳои мӯътабарҳо.
Аҷаб не, ки шуморо Хизри зинда
Ягон ҷо кардагӣ бошад назарҳо.
Шумо аз нутқатон Қурбоналӣ дид
Ба маҳфилҳо ширинтар аз шакарҳо.

ДАР ВАСФИ МАРДУМИ ДЕҲАИ ШЕХОНИ
НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Муддате гардида меҳмони шумо,
Хӯрдам аз хони шумо нони шумо.
Маза бурдам аз намакдони шумо,
Эй Худо бошад нигаҳбони шумо.

Борҳо ман садқаи ҷони шумо,
Деҳаи зебост Шехони шумо.

Дидаам ҳар як ҷавони баркамол
Ҳар тараф бошад равона чун шамол.
Мекунад деҳқонӣ қалбаш бемалол,
Мехӯрад аз меҳнаташ нони ҳалол.

Тан бидодам бар ҷавонони шумо,
Деҳаи зебост Шехони шумо.

пешина
аз 119
навбатӣ