Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хонаҳо аз хоку лой бунёд шуд,
Солҳо вайрона буд, обод шуд.
Нури деҳ аз дасти одамзод шуд,
Рӯҳи афзун мурдагоне шод шуд.

Аз ҳаракатҳову дармони шумо,
Деҳаи зебост Шехони шумо.

Мардуми Шехон ҳама тоатгар аст,
Ҳар яке дар фикри рӯзи маҳшар аст.
Бандаи ҳақ уммати пайғамбар аст,
Якдигар чун акаеву додар аст.

Бо мисоли рӯи хандони шумо,
Деҳаи зебост Шехони шумо.

Ҳаст ин қишлоқи хушобу ҳаво,
Дар заминаш ҳаст ҳар гуна гиёҳ.
Ҳар ҳакиме чида бо амри Худо,
Аз гияҳ тайёр созад доруҳо.

Ҳар баҳоре булбулонаш дар наво,
Деҳаи зебост Шехони шумо.
Дарраҳояш пур зи ангурасту себ,
Дар баҳорон боз метобад базеб.

Ҳамчу савти ошиқони дилфиреб
Мебарад дилҳо навои андалеб.

Чун рухи зебову миҷгони шумо,
Деҳаи зебост Шехони шумо.

Ҳаст Тағайхӯҷа аз қишлоқатон,
Писари Сиҷоати олинишон.
Ҳаст ӯ эшони пири мӯъминон,
Обрӯяш байни мӯъминҳо калон.

Як бузурге ҳаст эшони шумо,
Зодгоҳаш ҳаст Шехони шумо.

пешина
аз 119
навбатӣ