Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гашта дид Қурбоналӣ ҳар як дара,
Чор сӯи деҳа дид хушманзара.
Бишнавид овози оби шаршара,
Оварид дарё чу овози бара,

Шуд зи шодӣ ӯ ғазалхони шумо,
Гуфт: аҷаб зебост Шехони шумо!

ДАСТУ ПОЯМ БАСТА БО ЗАНҶИР ШУД

Во дареғ, умри ҷавонӣ пир шуд,
Ҳамчу як деги сияҳ тақдир шуд.
Дарду ранҷи пирсолӣ бар танам
Ҷойгир монанди захми тир шуд.
Омад он давре, ки ҳушу гӯши ман
Ҷониби Азроили ҷонгир шуд.
Хонашин гардидаам гӯё дигар,
Дасту поям баста бо занҷир шуд.

БА БАҲОР

Эй, нигар бар қудрати парвардигор,
Шуд ҷаҳон гулзор дар фасли баҳор.
Бар вуҷуди ҳар гиёву буттазор
Дод фасли навбаҳор аз нав мадор.
Чор сӯи ин ҷаҳонро бингаред,
Нағмаи паррандагонро бингаред,
Барра аз шодӣ ба мисли дорбоз
Мекунад бас, сар-сари девор тоз.
Кафтарон андар лаби ҷарҳову ғор
Лона созад гашта ҳар як беқарор.
Деҳқон бо мақсади кишту барор
Мекунад кӯшиш барои киштукор.
Ҳар гаҳе ки нарм борон мешавад,
Марди деҳқонзода шодон мешавад.
Нармии хуршед қодир мешавад,
Об пиряхҳои Помир мешавад.
Ҳар гиёҳи дору мерӯяд за нав,
Шаҳди пур аз ору мерӯяд зи нав.

пешина
аз 119
навбатӣ