Фурӯғи пирӣ

Қоқу баргонаш чу зулфи ҳар нигор,
Мебарояд як гиёҳи дорувор.
Чун арӯси куртагулгун нозанин,
Дар назар тобад ҳама рӯи замин.
Ҳамчунон ин иди Наврӯзи шумо
Ҷовидон шаъну шараф бахшад Худо!
БА РӮЗИ ҒАЛАБА, 9-УМИ МАЙИ 2007
Ватан бувад, ки модар
Моён ӯро дар оғӯш,
Ҳар чи ки гуфт модар,
Албатта мекунем гӯш.
Давре, ки ҷанг сар шуд
Аз сӯи хоки Гирмон,
Аз баҳри ҳифзи модар
Аз худ нагуфтаем ҷон.
Аз рӯи нангу номус
Гаштем марди майдон
Аз қаҳр зидди душман
Дандон задем ба дандон.
Он рӯзи бади моро
Ҳақ зоти кас набинад,
Хоки ватан зиёне
Аз хору хас набинад.
Парвозиёни ҷангӣ
Парида бар ҳаво буд,
Чун раъди барқи сахте
Таркиши бомбаҳо буд.
Рӯзи баде замони
Ҷавониҳои мо буд,
Аз ҳар силоҳи ҷангӣ
Дар гӯши мо садо буд.
Аз як тараф ҳуҷуми
Бисёр танкаҳо буд,
Чун коҳ қурби одам
Дар арсаи ғазо буд.
Бар қасди ҷони моён
Он лашкари аду буд,
Марг ба қасди моён
Гӯё ки рӯ ба рӯ буд.
Дар ҳолате ки мешуд
Дар корзор ҳуҷум сар,
Шуд аз садои ҳар тӯп
Чандин касон дидам кар.
Он чи ки ман бидидам,
Гӯям , бикун ту бовар.
Талотуме дидам зад
Дар ёд рӯзи маҳшар.
Захмин дидам ҷавоне
Аз тири ҷонситон буд,
Фитодагӣ ба майдон
Дар вою дар фиғон буд.
Ашке ба ҳарду рӯяш
Гардидагӣ равон буд,
Ҳар дам ӯ номи модар
Гирифта бар забон буд.
Ба назди ӯ фитода
Боз фузун ҷавон буд,
Берун зи ҷисми садҳо
Ҷавон бигашата ҷон буд.
Қисме аз он ҷасадҳо
Аз ҷавшанаш аён буд,
Аз аскарони шуми
Худи гирмониён буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё