Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Марде агар чу Рустам
Далеру паҳлавон буд,
Аммо ӯ дар дами тир
Заифу нотавон буд.

Имрӯз ҳамяроқон,
Шумо ки зинда ҳастед,
Дар анҷуман бигашта
Яксар ба ман нишастед.

Шумо ба сурати ман
Ки кӯҳнасол ҳастед,
Ба ҷумла гуфтаҳоям
Шоҳиди ҳол ҳастед.

Шуд сарваре, ки бадхоҳ,
Намерасад ба мақсад.
Шарманда дар ду олам
Мешавад одами бад.

Гитлер зоти бад буд,
Дар Берлин ҳукмрон.
Ҳайфо, зи дасти ӯ мурд
Бисёр бегуноҳон.

Рӯзи нуҳуми май, ки
Душман шикаст хӯрдаст,
Фикр кунед аз ҷанг
Мурдасту ӯ чӣ бурдаст?

Ҳар кас, ки золиму бад
Аз модаре бирӯяд,
Тамоми аҳли олам
Лаънат бар ӯ бигӯяд.

Муроди мост доим-
Сулҳи ҷаҳонӣ бошад.
Аз баҳри аҳли олам
Тинҷу амонӣ бошад.
Рӯзи ғалабаро мо,
Ки ёдбуд дорем,
Дар васфи рӯзи шодӣ
Савту суруд дорем.

Қурбоналӣ бигуфто-
Шерони нар шуморо.
Нуҳуми май муборак,
Иди зафар шуморо!

ҲЕҶ САРУБАР НАДОРАД

Сарваре пурра хонда
Илму ҳунар надорад,
Нутқаш миёни маҳфил
Ширу шакар надорад.

Тамоми ҷинси олам,
Ҳаёт ҷумла одам
Бе нури офтобу
Нури қамар надорад.

Дар гӯшаҳои олам
Шуд, ки шиновар одам,
Намегӯяд, ки дарё
Раҳи гузар надорад.

Бе нури офтобу
Бе нами барфу борон
Зироату дарахтон
Баҳру самар надорад.

Марде гирифтагӣ панд
Аз ҳар падар надорад,
Хабар зи сӯзи чӯби
Хушкеву тар надорад.

пешина
аз 119
навбатӣ