Фурӯғи пирӣ

Душмани шуму қаттол
Бар мо бувад Азозил,
Шӯру шараш дар олам
Ҳеҷ сару бар надорад.
Обод то ҷаҳон аст,
Лаин зиёнрасон аст.
Бе васваса қароре
Ин ҳилагар надорад.
Сарваре порагир шуд,
Огаҳ ҷавону пир шуд,
Ҳурмату қимате чун
Муллаи хар надорад.
ГУФТОРИ САРБОЗИ ВАТАН
Эй кишвари пур зи ганҷи олам,
Мисли ту дар ин ҷаҳон бувад кам.
Ҳастӣ, ки маро ягона модар,
Меҳри ту бувад ба ҷон баробар.
Ҳар кӯҳи туро ба дурҷи сина
Дорад зи дуру гуҳар хазина.
Бар ҳифзи ту ки камар бубастам,
Чун Рустами шери нар бигаштам.
Бо дида кунам гаҳе назарҳо
Пиранд кунун фузун падарҳо.
Баъзе падаре ба бар нишон аст,
Ҷангидагӣ ӯ ба душманон аст.
Нишон зи падар ба мо аён аст,
Ки шердилеву қаҳрамон аст.
Мо дарси ҳаёт, эй ҷавонон,
Бояд бигирем зи пирамардон.
Мисли падарон ба кишвари хеш
Оеду кунем хизмати беш.
Ҷон садқаи рӯи Тоҷикистон,
Ҳуснаш ба назар бувад гулистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё