Фурӯғи пирӣ

ЧУ ЯК ШОҲИНИ ПАРВОЗӢ
Ҷавон, аз марг ғофилу
Чаро ки фахр месозӣ.
Зи худ ғофил шавӣ ҳар гаҳ,
Ба дав мегардӣ чун тозӣ.
Чу Искандар ҷаҳонгирӣ,
Бидон охир, ки мемирӣ.
Такаббурвор мегардӣ,
Худо аз туст норозӣ.
Ба як чанги аҷал ногаҳ
Ба сони латта мегардӣ.
Чу Рустам бошӣ ё ки чун
Сипаҳсолори дарвозӣ.
Бикун андеша, эй нокас,
Ба зери хок мепӯсӣ.
Чаро монанди шайтони
Лаин ту шӯрандозӣ.
Яқин ту пурра медонӣ,
Абадзинда намемонӣ.
Зи аҷдодони аз олам
Гузашта ёд месозӣ.
Ба ҳар як дам, ба ҳар соат
Бикун Қурбоналӣ тоат.
Ки мемирӣ, агар бошӣ
Чу як шоҳини парвозӣ.
ҚАДРИ НОН
Намоед гӯш бар ман ҷумла ёрон,
Бигӯям мухтасар аз ҳурмати нон.
Чунин бошад ривоят аз мусулмон
Бувад бар одамӣ нон мағзи имон.
Ду-се рӯз гушна гардӣ гар ҷавонӣ,
Намонад бар ту рӯи арғувонӣ.
Агар як рӯзаке бе нон бимонӣ,
Дигар ҳамчун заифи нотавонӣ.
Бидон, ки дар тамоми баҳру бар нон
Бувад боло зи ҷумла симу зар нон.
Бимонад гушна гар муллову эшон,
Насозад баҳри тоат майли чандон.
Ҳазорон солу асре пеш аз мо,
Ки пайдо гашта буд Қуръону дунё,
Саволе дод деҳқони тавоно
Ба муллои китобхоневу доно.
Бигуфташ илми ту бар мо писанд аст,
Суханҳоят ширин аз шаҳду қанд аст.
Бигӯ аз ҳурмати Қуръону аз нон
Кадом болост? Мулло гуфт Қуръон.
Гузашт он рӯзу фардои дигар боз,
Зи нав деҳқон ба мулло гашт ҳамроз.
Саволе дода буд бар ӯ дувум бор
Ҳамонро боз аз нав кард такрор.
Ба деҳқон гуфт, ки соли ту чанд аст?
Дили ман хонаи илм асту панд аст.
Ба мардум донишу илмам писанд аст,
Ҳамеша ҳурмати Қуръон баланд аст.
Сухан андар даҳан дур ҳаст ҳар ҷо,
Барояд аз даҳан пур ҳаст ҳар ҷо.
Аз ин пурсиш, ки деҳқонони бисёр
Миёни он маҳалла шуд хабардор,
Фикр аз қурби нону об карданд,
Аҷаб андешаҳои хом карданд.
Қадам мардона деҳқонҳо ниҳоданд,
Дари мадрасаро фардо кушоданд.
Ба тори пулчӯбии он дабистон
Бимонд як пора нон деҳқон намоён.
Даме, ки домулло аз дар даромад,
Ба бар китобу як дафтар даромад,
Дар он мадраса дар ҳар тоқи бобаш
Ниҳода доимо пур буд китобаш.
Яке деҳқон бигуфто, ҳой тақсир,
Дарат пӯшидаву шуд қулф занҷир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё