Фурӯғи пирӣ

Шудӣ гар гушнае бесабру тоқат,
Зи тори пулчӯб ёбӣ хӯрокат.
Шаби маҳтоб мебошад чароғат,
Пас аз се рӯз меоем суроғат.
Бишуд мулло дуюм рӯз тоқаташ тоқ,
Ба ёдаш оварид нони тару қоқ.
Ба ҳар тоқи китобе гуфтугӯ кард,
Ҳама китобро тал рӯ ба рӯ кард.
Бигуфто, ё худои меҳрубонам,
Худат медонӣ, ки зинда ба нонам.
Ҳадисҳо аз ту дорад ҳар китобе,
Манам имрӯз дар банди азобе.
Барои он ки нон бар каф биёрам,
Ба ҷуз китобҳо зина надорам.
Худат андар ду олам подшоҳӣ,
Худат бахшандаи кӯҳи гуноҳӣ.
Битарсид аз ғазабҳои Худованд,
Биталабид аз дари ӯ бахшише чанд.
Ба ду пояш ба болои китобҳо
Баромад баҳри он нон рост мулло .
Гирифта пораи нонро фаромад,
Бихӯрду бар танаш қувват даромад.
Пас аз се рӯз дарашро ҳӯй карданд,
Табассум карда гуфтугӯ карданд.
Яке деҳқони ҳаштодсолаи пир
Ба мулло гуфт акнун гӯй, тақсир.
Туӣ донову моён ҳамчу нодон,
Зи қадри нону Қуръон гӯ ба моён.
Бигуфто ҳурмати Қуръон баланд аст,
Зи Қуръон бештар аз нон баланд аст.
Ягон кас зиндагӣ бе нон надорад,
Каси гушна лаби хандон надорад.
Гурусна қувваи афғон надорад,
Ду-се рӯз гушна монад, ҷон надорад.
Давоми васфи нон созам ҳикоят,
Ба мавзӯяш шунав дуввум ривоят.
Худованде, ки як номаш Карим буд,
Ба вай ҳамроз Мусои калим буд.
Даме бе ёди холиқ ӯ намехуфт,
Ҳамеша бо худо ӯ роз мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё