Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бигуфто холиқу шоҳи ду олам,
Зи ту хоҳам, бикун моли маро кам.
Бигуфташ нони хушкеро ба бар кун,
Ба аспе шав савореву сафар кун.
Сафари хешро бар пеш бурда,
Лаби нонро шикан рав, хӯрда-хӯрда.
Нахоҳӣ доштан гар моли олам,
Аҷаб не моли ту хело шавад кам.
Гирифта нонро Мӯсо ба бар кард,
Савори аспро даррав сафар кард.
Лаби нонро шикаста хӯрда мерафт,
Ба ҳар атрофии раҳ пайбурда мерафт.
Яке дид дилае аз нон хато шуд,
Дареғо гуфт, нон дар зери по шуд.
Фаромаду ду-се рӯз кофт Мӯсо,
Вале нонрезаро наёфт Мӯсо.
Зи раҳ баргаштаву ношод омад,
Ба аспи тездав чун бод омад.
Яке беле гирифту боз баргашт,
Бигуфто дер шуд, бо тоз баргашт.
Шавад пайдо каси раҳрав, равам дер,
Ба пояш резанонро мекунад зер.
Хуллас ҷое ки нон афтодагӣ буд,
Ба тозиасп дар он ҷо расид зуд.
Ба гирди резанон хандақ буридаш,
Чу манзили шаҳиде офаридаш.
Аз он ҷо боз ӯ то ба хона баргашт,
Аз ин пас то ду-се соли дигар гашт.
Дугоник молҳояш модаву нар
Бизоид, беш гардид се баробар.
Бигуфто, ё Худо бо қалби хуррам,
Бигуфтам, ки бикун моли маро кам.
Валекин чанд кас дарвеш гардид,
Ба амрат боз молам беш гардид.
Бигуфташ, дӯстам, коре ту кардӣ,
Ба амрам, дон, ҳамеша бой гардӣ.
Дар он роҳе, ки афтид гарди нонат,
Варо донистӣ баробар ба ҷонат.
Агар мемонд зери пои мардум,
Туро мегашт афзун молҳо гум.

пешина
аз 119
навбатӣ