Фурӯғи пирӣ

Ба дида, мӯъминон, дидам шуморо,
Намечинад касе нонрезаҳоро.
Дар охир гуфтаниам, то ҷаҳон ҳаст,
Ҳама ганҷи ҷаҳон аз деҳқон аст.
Дар олам байни ҷумла одамизод
Ба деҳқон аввало сад офарин бод.
Басо шоҳон, ки андар ин ҷаҳон аст,
Фаровонӣ зи деҳқонзодагон аст.
Худ ӯ чун Рустами сардостон аст,
Сифоташ аз замин то осмон аст.
Надорад бар кунам гар сифоти нон,
Пиру барно, бидоред ҳурмати нон.
НАМОНД
Во дареғо, пир гаштам, қувва дар пайкар намонд,
Бо ризогии худо дунё зи шӯру шар намонд.
Рафт аз чанги аҷал якбора аз олам падар,
Даррасид рӯзи қазояш, баъди ӯ модар намонд.
Додарам Исмоналӣ шуд аз ҷаҳон ҷавонамарг,
Пеши чашмам во дареғо, зинда ду хоҳар намонд.
Хоҳаронам Момаҷон буду Зарафшон номашон,
Аз ғами онҳо маро ободии ҷигар намонд.
Гул буданду нур гӯё ҳар ду дар ҳавливу дар,
Ҳеҷ нуре дар хаёли ман ба рӯи дар намонд.
Умри ман ҳафтоду панҷу гаштаам чун лоғаре,
Ҳеҷ бедардӣ маро андар тани лоғар намонд.
Бо ғаму андӯҳи дунё пир шуд Қурбоналӣ,
Аз сиёҳӣ бар сараш як тори мӯи сар намонд.
ДАР ОЛАМ
Чашм бикшодаму кардам назаре дар олам,
Бидидам ҳар гуна зоти башаре дар олам.
Одамеро бидидам мастиву шодӣ дорад,
Пурғаму камбағале он дигаре дар олам.
Кардам андеша зи ҳар нобудии рӯзи ҳаёт
Нест ӯро на сареву на баре дар олам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё