Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи каси дузду дурӯғгӯву каси ғайбатгар
Нест оситарину гандатаре дар олам
Ба ҳама ҷинси ҷаҳон баҳру самар мебахшад
Нури хуршеди ҷаҳон ҳар саҳаре дар олам.
Дӯстон, ваҳ чӣ касоне ки зи найранги аҷал
Ҳаст пурғуссаву хунинҷигаре дар олам
Баҳри тарбияи фарзанд бубинад ғаму ранҷ
Модари ғамкашу ҳар як падаре дар олам.
Сӯхт Қурбоналӣ аз кулфати дунёи фиреб,
Ҳамчунон сӯхтани чӯби таре дар олам.
Соли 1999

НЕСТ, НЕСТ

Ҳай дареғо, давраи мастиву роҳат нест, нест.
Давраи раҳгардиҳои ростқомат нест, нест.
Дар ҷавонӣ бар тамоми сахтӣ тобовар будам,
Даври пурвардориҳову сабру тоқат нест, нест.
«Дар ҷавонӣ тавба кардан нашъаи пайғамбарист,»
Пири бедармон бигаштам, даври тоат нест, нест.
Мерган будам, ба ҳар кӯҳу дара тай мезадам,
Давраи кӯҳгардиҳову ҷумла ғайрат нест, нест.
Дарди пириро дигар дору намебахшад даво,
Пурра медонам, дигар вақти табобат нест, нест.
Дар ҷавонӣ майли кор соат ба соат доштам,
Дигарам он ғайрати соат ба соат нест, нест.

ТОРИК БУВАД БЕ ТУ

Э ёри ҷавони ман,
Эй сарви равони ман,
Дар зиндагӣ мебошӣ
Сад роҳати ҷони ман.

Бинам ба барам ҳастӣ,
Ту хушрӯву қадпастӣ.
Чун шарбату қанд ояд
Номат ба даҳони ман.

пешина
аз 119
навбатӣ