Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ёрам, гули якдона,
Нурӣ ту дар ин хона.
Номи хуши ту доим
Шуд вирди забони ман.

Бо ту дилакам шод аст,
Аз банди ғам озод аст.
Торик бувад бе ту
Ин ҷову макони ман.

ДАВРАИ СОМОНИЁН

Аз давраи сомониён
То давраи ҳозирзамон
Ҳазору сад солаш бидон
Таърихи насли тоҷикон.

Дидаст садҳо шӯру шар
Ин миллати олинишон,
Бар ҷумла миллатҳо бувад
Номи хушаш вирди забон.

Дар рӯи олам равшане
Чун ахтарони осмон,
Дорад ба номи неки худ
Чандин китобу достон.

Чун насли моён поктар
Кам ҳаст дар рӯи ҷаҳон,
Ин миллати моро Худо
Дорад нигоҳу дар амон.

Қурбоналиро, ё Худо,
Монӣ дуояш ҷовидон!
ГӮРУ КАФАН БИМОНДАСТ

Пир шудам аз тапиш,
Хуни бадан бимондаст.
Завқи дилам ба ишқи
Ҳар гулбадан бимондаст.
Дигар зи сайругашти
Боғу чаман бимондаст,
Лаззати нозу неъмат
Дур аз даҳан бимондаст.
Гардид одамизод
Вақто ки солхӯрда,
Ҳаво каме хунук шуда,
Шавад чу сардбурда,
Ӯро дигар шуморед
Андар ҳисоби мурда.
Донам, ки рӯзи кӯтоҳ
Аз умри ман бимондаст.
Расад агар қазоям,
Эй аҳли одамизод,
Умедам ин, насозед
Маро фаромӯш аз ёд.
Аз дасти марг гӯям
Дар ҳар замона сад дод,
Ҳаваси дил зи тору
Доиразан бимондаст.
Буд маро замоне,
Ки давраи ҷавонӣ,
Шоҳи ҷаҳон барин буд
Ҳамеша зиндагонӣ.
Аз пирӣ бар ман омад
Даврони нотавонӣ,
Дар синаам нагуфта
Кони сухан бимондаст.
Ҳаёти пирсолӣ
Ба ранҷи талху шӯр аст,
Кам гашта қувва аз по,
Ду дида афти кӯр аст.
Қурбоналӣ равона
Гӯё ба сӯи гӯр аст,
Ёрон, маро навбати
Гӯру кафан бимондаст.

пешина
аз 119
навбатӣ