Фурӯғи пирӣ

САБР КАРДӢ, ҒУРА ҲАЛВО МЕШАВАД
Давраи бад гуфта ноумед машав,
Каҷсифат монандаи каҷбед машав.
Бар танат гарчи либоси ҷанда аст,
Неку бад дар қисмати ҳар банда аст.
Гарчи ин дам бар ту рӯзи ганда аст,
Боварам кун, рӯзи нек оянда аст.
Халқ дорад майлҳо бар киштукор,
Як сӯ пахта як сӯ кишти ғаллазор.
Як тараф корад нахӯду наску ҷав,
Файзи нав пур мешавад дар Соли нав.
Шукр, ки тинҷу амонӣ шуд замон,
Ин бувад бахти сафеди тоҷикон.
Ҳар ҷавоне рафта дур аз кишвар аст,
Ҳушу гӯшаш ҳар даме бар модар аст.
Зодгоҳаш модари яктои ӯст,
Дорадаш монанди ҷони хеш дӯст.
Ғалла дар кишвар фаровон мешавад,
Рафта-рафта ҳар чӣ арзон мешавад.
Сабр кардӣ, ғӯра ҳалво мешавад,
Серу пур ин кишвари мо мешавад.
Мӯъминон, гӯед ё Парвардигор,
Пиру барноро насозӣ хорузор!
БА ҶАШНИ САИДАЛӢ ВАЛИЗОДА
Дар байни ҳама мардум
Як марди сухандон буд,
Дар маърака чун булбул,
Як ҳофизи хушхон буд.
Зебанда ба ҳар ҷое
Дар маҳфили моён буд.
Бораҳму баинсофу
Мӯъмину мусулмон буд.
Дар ҳақиқатан, ёрон,
Сайдалӣ Вализода.
Бисёртарин бо мо
Бо шеър сухан мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё