Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бисёртарин ӯ шеър
Дар васфи Ватан мегуфт.
Бар васфи гулистону
Нозукбадан мегуфт.

Буд мурғи чаман, ёрон,
Сайдалӣ Вализода.

Дар бобати доноӣ
Чун мушфиқи доно буд,
Таваллуди ӯ донед
Аз деҳаи Хонақо буд.

Аз Ховалинги мо буд,
Турфа маҳфилоро буд.

Буд кони сухан, ёрон,
Сайдалӣ Вализода.

Аз шаклу аз андомаш
Боқуввату пурзӯр буд,
Аз маъракаву базми
Ҳар баду бахил дур буд.
Дар маҳфили мо мисли
Якто қубаи нур буд.

Буд ҳамдами ман, ёрон,
Сайдалӣ Вализода.

Дар маҳфили шабҳо ӯ
Бо аҳли адаб мешишт.
Дар чақчақи ӯ мардум
То нимаи шаб мешишт.
Ҳар аҳли адабро вай
Бо айшу тараб мешишт.

Шуд марди куҳан, ёрон,
Сайдалӣ Вализода.

Ҳар кас ки китобаш хонд,
Бар вай бале мегӯяд.
Таърифи варо ҳар ҷой
Қурбоналӣ мегӯяд.
Ҷоят бишавад ҷаннат,
Эй Сайдалӣ мегӯяд-

Ҳар мардеву зан, ёрон,
Сайдалӣ Вализода.

ГУРӮҲИ МУНОФИҚОН

Дар синаи ҳар мӯъмине шайтон омад,
Раҳгумзани ҳар зоти мусулмон омад.
Дар байни мусулмонзодаҳо даъво шуд,
Як зумраи мардум зи Бадахшон омад.
Дар шаҳри Душанбе роҳгуми бисёр
Яксар шуда бо номи шаҳидон омад.
Раҳгумзадаҳои дигаре озодӣ,
Ин ҳарду гурӯҳ ба доду афғон омад.
Шуд сар ҳолате ғалғалу митингбозӣ,
Дар байни ду саф шайтоне пинҳон омад.
Дар байни мусулмонон ҷанг андохт ӯ,
Шуд рӯзи баде, марги ҷавонон омад.
Шайтон зи куҷо буд, надонист касе,
Маҷрӯҳкуни ҳар як гули хандон омад.
Шайтонаке омад гурӯҳи севум буд,
Ногаҳ чу вабо ба Тоҷикистон омад.
Гурӯҳи шаҳидон набуду озодӣ,
Гурӯҳи мунофиқон ба майдон омад.

БА АҲМАД УМАРЗОҚ

Аҳмад муриди ман буд,
Аҷаб ширинсухан буд.
Дар бобати навозиш
Чун булбули чаман буд.

Дар сина ҷо ҳамеша
Меҳри Модар-Ватан буд.

пешина
аз 119
навбатӣ